https://sputnik.tj/20220222/zakhm-tarkish-qubodiyon-darguzasht-1046156816.html
Яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён даргузашт
Яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ду нафари дигар вазнини миёна арзёбӣ мешавад
2022-02-22T16:33+0500
2022-02-22T16:33+0500
2022-02-22T19:16+0500
дар тоҷикистон
таркиш
нфс
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046121799_0:171:526:467_1920x0_80_0_0_d75c706484ee2152799475d3c198ba78.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Яке аз он нафарое, ки дар таркиши нуқтаи газ дар ноҳияи Қубодиён ҷароҳати вазнин бардошта буд, даргузашт.Дар ин бора аз Вазорати тундурустии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд, фавтида Холиёр Нурматови 41-сола мебошад."Мутаассифона, нафаре, ки вазъашон на он қадар хуб буд, даргузаштаанд",- гуфтанд аз вазорат.Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир саломатии ду тани дигар низ нимасангин арзёбӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки ин оташсӯзӣ рӯзи 21-уми феврал, соати 15:04-дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Ориё нафт", воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён рух дод.Бино ба гузориши ВКД, сабаби сӯхтор таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ будааст. Масоҳати умумии сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил додааст.Сӯхтори шадид дар Қубодиён: теъдоди захмиён афзоиш меёбад - видеоМанбаъ меафзояд, дар натиҷаи сӯхтор 13 нафар ҷароҳат бардоштанд, яъне сӯхтанд ва низ 7 мошин садама дидааст. Ҳамчунин 2 гов низ тайи ин оташсӯзӣ талаф шудааст.Гуфта мешавад, афроде, ки дар ин таркиш ҷароҳат бардоштанд, аз 22 то 65 сол син доранд.Феълан аз тарафи коршиносон таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабаб, омил ва зарари пурраи он муайян карда мешавад.
https://sputnik.tj/20220222/zakhmiyon-sukhtor-qubodiyon-afzud-1046148277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046121799_0:122:526:517_1920x0_80_0_0_2bde03fdbf34b055aba2dec1f9e01a1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захмь таркиш қубодиён даргузашт
захмь таркиш қубодиён даргузашт
Яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён даргузашт
16:33 22.02.2022 (Навсозишуда: 19:16 22.02.2022) Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ду нафари дигар нимасангин арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Яке аз он нафарое, ки дар таркиши нуқтаи газ дар ноҳияи Қубодиён ҷароҳати вазнин бардошта буд, даргузашт.
Дар ин бора аз Вазорати тундурустии кишвар ба
Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд, фавтида Холиёр Нурматови 41-сола мебошад.
"Мутаассифона, нафаре, ки вазъашон на он қадар хуб буд, даргузаштаанд",- гуфтанд аз вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир саломатии ду тани дигар низ нимасангин арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин оташсӯзӣ рӯзи 21-уми феврал, соати 15:04-дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Ориё нафт", воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён рух дод.
Бино ба гузориши ВКД, сабаби сӯхтор таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ будааст. Масоҳати умумии сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил додааст.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи сӯхтор 13 нафар ҷароҳат бардоштанд, яъне сӯхтанд ва низ 7 мошин садама дидааст. Ҳамчунин 2 гов низ тайи ин оташсӯзӣ талаф шудааст.
Гуфта мешавад, афроде, ки дар ин таркиш ҷароҳат бардоштанд, аз 22 то 65 сол син доранд.
Феълан аз тарафи коршиносон таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабаб, омил ва зарари пурраи он муайян карда мешавад.