Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Се дафъа ҷарроҳӣ шуд: Шарҳи вазъи саломатии мақомдори Исфара, ки дар марз тир хӯрда буд

© Sputnik Бинои мақомоти шаҳри Исфара
Бинои мақомоти шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Масъулони Идораи тандурустии вилояти Суғд вазъи саломатии Искандар Шафеъиён, мудири шуъбаи ташкилии ҳукумати шаҳри Исфараро, ки аз зарби тир захмӣ гардида буд, шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ҳабибулло Муҳиддинзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи амалиётҳои ҷарроҳии Шафеъиён иброз намуд.
"Табибони бо таҷрибаи соҳавӣ сари муолиҷаи Шафеъиён кор бурда истодаанд. То ин вақт ӯ, се дафъа аз ноҳияи сар ва шикам ҷарроҳиро паси сар кард. Ҳолаташ ҳоло ҳам вазнин арзёбӣ мешавад ва умедворем, ки бо гузашти вақт беҳбуд ёбад", - гуфт Муҳиддинзода.
Сардори Раёсати тандурустӣ гуфт, номбурда зери назорати доимии табибон қарор дорад ва барои муолиҷаи ӯ сармутахассисони соҳаи эҳё, ҷарроҳ ва ҷарроҳии асаб аз муассисаҳои табобатии Суғд ба шаҳри Исфара рафта, ҳолати ӯро месанҷанд.
Бино ба гуфти масъулин баъди ба худ омадан, қарор аст Шафеъиён барои муолиҷа аз Исфара ба Хуҷанд интиқол дода шавад.
Переговоры Таджикистана и Кыргызстана по границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Аз роҳбарон то ҷавонону мӯйсафедон: мулоқоти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд
Искандар Шафеъиён (Маликӣ), рӯзи 27 январ дар пайи тирпарронии сарҳадбонони Қирғизистон ҳамроҳ бо Некзод Хоҷаев, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати Исфара захмӣ гардиданд. Ҳамроҳи онҳо Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" -и Исфара ҳам буд, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Хоҷаев ва Шафеъиён ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумати Исфара рӯзи 27 январ, барои санҷиши вазъ ба ҷойи муноқиша, ба маҳаллаи Сомониён рафта буданд, вале дар он макон захмӣ гардиданд. Он вақт дар маҳаллаҳои наздимарзии Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара муноқишаи марзӣ сар зада буд.
Мақомдори тирхӯрдаи ҳукумати Исфара аз шифохона мураххас шуд
Хоҷаев яке аз 10 захмии муноқишаи мусаллаҳонаи марзии моҳи январ гуфта мешавад, ки тир пои чапи ӯро захмӣ карда буд. Ӯ, баъд аз ҳудуди 10 рӯзи табобат аз бемористон мураххас шуд ва сари кор баргашт.

Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқишаи марзӣ бегоҳии рӯзи 27 январ аз сангзании қирғизҳо шуруъ шуда, ба тирпаронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон дар пайи муноқишаи марзиро нашр кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боз чӣ шуд? Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳам гуфт, дар даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 низомии қирғиз захмӣ шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Рӯзи 29-уми январ раисони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари як мизи музоқирот нишаста, дар бораи бо роҳи ҳуқуқӣ ва дар доираи манофеи ду кишвар ҳал гардидани баҳсҳои марзӣ изҳори назар намуданд.
Лентаи хабарҳо
0