Сафири Тоҷикистон бо мақомдорони парлумони Русия тарҳҳои муштаракро баррасӣ кард

© Foto / Совет Федерации РФПосол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо намояндагони палатаи болоии парлумони Русия лоиҳаҳои муштарак ба миён дошт
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Константин Косачев, ноиби раиси Шӯрои Федератсия тарҳҳои шарикиро баррасӣ кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсия, дар ин мулоқот ҳамчунинн ҳамраиси Комиссияи ҳамкории парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон, Николай Журавлев низ иштирок намуд.
Косачев дар дидор бо сафир аз рушди муносиботи мунтазами байнипарлумонӣ тавсиф кардааст.
Ӯ аз ҷумла лоиҳаҳои гуманитарӣ ба монанди "Омӯзгори рус дар хориҷ"- ро мисол овардааст, ки дар Тоҷикистон босамар татбиқ гардида истодааст.
"Чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони макотиби русӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ки муносиботи байнипарлумонию байнидавлатӣ таҳким ёбанд", - таъкид кардаст вай.
Масоили марбути кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои парлумонӣ, густариш муносибот байни минтақаҳои ду кишвар ва додугирифти мол байни онҳо аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин мулоқот арзёбӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин омодагӣ ба VII Анҷумани байнипарлумонии "Русия - Тоҷикистон: зарфияти ҳамкориҳои минтақавӣ" - ро баррасӣ карданд.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Матвиенко ба Тоҷикистон меояд: замони сафараш маълум шуд
Таъкид шудааст, ки моҳи апрели соли равон чорабиниҳои муштарак ба муносиботи 30-юмин солгарди барпо кардани муносиботи дипломатӣ байни Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25 феврал аз Тоҷикистон боздид мекунад ва мулоқот бо мақомдорони бахшҳои гуногун дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0