https://sputnik.tj/20220222/murojiat-vladimir-putin-rusho-1046129592.html
Муроҷиати Владимир Путин ба русҳо: анҷоми пахши мустақим
Муроҷиати Владимир Путин ба русҳо: анҷоми пахши мустақим
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз мулоқот бо аъзои Шӯрои амният сарвари давлат эълон кард, ки 21 феврал мақоми ҶМД ва ҶМЛ маълум мешавад
2022-02-22T00:04+0500
2022-02-22T00:04+0500
2022-02-24T15:51+0500
владимир путин
видео
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046128132_0:15:1712:978_1920x0_80_0_0_0118ad395169da8a5a636d86876a48fa.jpg
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба мардуми ин кишвар муроҷиати изтирорӣ кард.Қаблан, 21 феврал ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор шуда буд. Мавзуи ин мулоқот ташдиди авзоъ дар марзҳои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ва эътирофи онҳо аз сӯйи Маскав буд. Дар рафти мулоқот аъзои Шӯрои амният ба роҳбари давлат дар бораи тамоми мушкилоте, ки ҶМД ва ҶМЛ дар рӯзҳои охир ба вуҷуд омадаанд ва ҳамчунин аз таҳдиди Киев гуфтанд.Коршинос: Киев мехоҳад, Донбассро бо зӯр бигирад - видеоДар ин нишаст баҳси асосӣ сари амният ва ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ буд, ки барои эътирофи онҳо ин сиёсатмадорони Русия суханронӣ карданд: Владимир Путин пас аз шунидани суханони ҳамаи аъзои Шӯрои амният, ки ба ҷонибдорӣ аз эътирофи истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ баромад карданд, гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхонда рӯзи 21 феврал эълон хоҳад шуд.Ташдиди вазъият дар ДонбассВазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегохии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати онҳо аз шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ин ҷумҳуриҳо басичи умумӣ эълон карда шудааст.Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046128132_348:0:1712:1023_1920x0_80_0_0_7dd3ef3e39c6e559599103f8b0192d64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муроҷиат владимир путин русҳо
муроҷиат владимир путин русҳо
Муроҷиати Владимир Путин ба русҳо: анҷоми пахши мустақим
00:04 22.02.2022 (Навсозишуда: 15:51 24.02.2022) Пас аз мулоқот бо аъзои Шӯрои амният сарвари давлати Русия эълон кард, ки 21 феврал мақоми ҶМД ва ҶМЛ маълум мешавад
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба мардуми ин кишвар муроҷиати изтирорӣ кард.
Қаблан, 21 феврал ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор шуда буд. Мавзуи ин мулоқот ташдиди авзоъ дар марзҳои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ва эътирофи онҳо аз сӯйи Маскав буд.
Дар рафти мулоқот аъзои Шӯрои амният ба роҳбари давлат дар бораи тамоми мушкилоте, ки ҶМД ва ҶМЛ дар рӯзҳои охир ба вуҷуд омадаанд ва ҳамчунин аз таҳдиди Киев гуфтанд.
Дар ин нишаст баҳси асосӣ сари амният ва ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ буд, ки барои эътирофи онҳо ин сиёсатмадорони Русия суханронӣ карданд:
Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев;
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко;
Сарвазир Михаил Мишустин;
Котиби Шӯрои амният Николай Патрушев;
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров;
Узви доимии Шӯрои амният Александр Бортников;
Вазири мудофиа Сергей Шойгу;
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин;
Директори Хадамоти иктишофии хориҷӣ Сергей Наришкин;
Вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев;
Ёрдамчии президент Игор Шеголев;
Сардори Гвардияи миллӣ Виктор Золотов.
Владимир Путин пас аз шунидани суханони ҳамаи аъзои Шӯрои амният, ки ба ҷонибдорӣ аз эътирофи истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ баромад карданд, гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхонда рӯзи 21 феврал эълон хоҳад шуд.
Ташдиди вазъият дар Донбасс
Вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегохии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати онҳо аз шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ин ҷумҳуриҳо басичи умумӣ эълон карда шудааст.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.