https://sputnik.tj/20220222/khf-fevral-roh-kuh-khatar-tarma-sang-1046159133.html
КҲФ: То охири феврал дар роҳҳои кӯҳӣ хатари тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад
КҲФ: То охири феврал дар роҳҳои кӯҳӣ хатари тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи мазкур аз аҳолӣ даъват намудааст, ки бидуни зарурат аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд
2022-02-22T17:15+0500
2022-02-22T17:15+0500
2022-02-22T20:25+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
тарма
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/75/1014557597_0:329:2047:1480_1920x0_80_0_0_d248b3bd13c6ba30bcb63ded77f70c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бинобар хатари фаромадани тарма ва резиш санг дар роҳҳои кӯҳии Душанбе - Варзоб - Айнӣ ва Душанбе - Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад.Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.Манбаъ бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар зикр намудааст, ки то охири моҳи феврали соли равон дар навоҳии кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад.Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват менамояд, то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои тармарез, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ намоянд.Илова бар ин кумита аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки хангоми харакат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20220216/hushdori-obuhavoshinoson-yakhbandivu-tarma-shohrohho-1045914908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/75/1014557597_0:137:2047:1672_1920x0_80_0_0_10b38ad4750205b9430395c8be1a07d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф тарма сангрезӣ
КҲФ: То охири феврал дар роҳҳои кӯҳӣ хатари тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад
17:15 22.02.2022 (Навсозишуда: 20:25 22.02.2022) Кумитаи мазкур аз аҳолӣ даъват намудааст, ки бидуни зарурат аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бинобар хатари фаромадани тарма ва резиш санг дар роҳҳои кӯҳии Душанбе - Варзоб - Айнӣ ва Душанбе - Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар зикр намудааст, ки то охири моҳи феврали соли равон дар навоҳии кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват менамояд, то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои тармарез, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ намоянд.
Илова бар ин кумита аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки хангоми харакат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.