https://sputnik.tj/20220222/duma-davlat-sozishnoma-lugansk-donetsk-kujost-1046158914.html
Думаи давлатӣ созишнома бо Луганску Донетскро тасвиб кард: Маскав гуфт, марз куҷост
Думаи давлатӣ созишнома бо Луганску Донетскро тасвиб кард: Маскав гуфт, марз куҷост
Sputnik Тоҷикистон
Тавзеҳ дода шуд, ки Маскав кадом марзҳои ҷумҳуриҳои халқии Донетску Лугангскро эътироф мекунад
2022-02-22T17:00+0500
2022-02-22T17:00+0500
2022-02-24T15:54+0500
дар русия
донетск
луганск
амният ва мудофиа
думаи давлатӣ
эътироф
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_0:37:3153:1811_1920x0_80_0_0_ac6567eba271fa29b31b6017a428d7df.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Думаи давлатии Русия созишномаҳо бо ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганскро тасвиб кард, хабар дод РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, созишномаи тасвибшуда дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки тарафайн мебошанд. Вазорати умури хориҷии Русия тавзеҳ додааст, ки Маскав ҷумҳуриҳои Донетску Луганскро дар он марзе мешиносад, ки роҳбарони ин ҷумҳуриҳо салоҳияташонро амалӣ мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи эътирофи мустақилияти Донетск ва Луганскро имзо намуд. Мақомдорони Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ин тасмим бар асоси оинномаи Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ карда шудааст. Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки эътирофи мустақилияти Донетску Луганск аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ хоҳад ёфт.Инчунин дастур шудааст, ки артиши Русия барои таъмини суботу амният дар Донетску Луганск муваззаф шавад.
https://sputnik.tj/20220222/juziyot-shartnoma-rusiya-jmd-jml-1046146493.html
донетск
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_422:0:3153:2048_1920x0_80_0_0_3bc804003382b71f034d6bd8de0d923a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
думаи давлатӣ, созиш, донетск, луганск
думаи давлатӣ, созиш, донетск, луганск
Думаи давлатӣ созишнома бо Луганску Донетскро тасвиб кард: Маскав гуфт, марз куҷост
17:00 22.02.2022 (Навсозишуда: 15:54 24.02.2022) Тавзеҳ дода шуд, ки Маскав кадом марзҳои ҷумҳуриҳои халқии Донетску Лугангскро эътироф мекунад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Думаи давлатии Русия созишномаҳо бо ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганскро тасвиб кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, созишномаи тасвибшуда дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки тарафайн мебошанд.
Вазорати умури хориҷии Русия тавзеҳ додааст, ки Маскав ҷумҳуриҳои Донетску Луганскро дар он марзе мешиносад, ки роҳбарони ин ҷумҳуриҳо салоҳияташонро амалӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи эътирофи мустақилияти Донетск ва Луганскро имзо намуд. Мақомдорони Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ин тасмим бар асоси оинномаи Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ карда шудааст.
Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.
Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки эътирофи мустақилияти Донетску Луганск аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ хоҳад ёфт.
Инчунин дастур шудааст, ки артиши Русия барои таъмини суботу амният дар Донетску Луганск муваззаф шавад.