Раҳимзода Раҳмоналӣ вазифаи нав гирифт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРахимзода Рахмонали Хамро
Рахимзода Рахмонали Хамро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Намояндаи дигаре аз хонаводаи Раҳимзодаҳо, ки дар Тоҷикистон шинохта мебошанд, мақоми ҷадид гирифт
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамроро ба мақоми муованати директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент таъйин намуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро бародари Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Кадровые назначения 21.02.2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Тафсилоти тағйироти кадрӣ: Аз гумрук то маорифу ҷавонон ва палатаи ҳисоб
Раҳмоналӣ Раҳимзода то ҳол дар мақомоти гумруки Тоҷикистон фаъолият мекард. Аз вазифаҳои асосие, ки Раҳимзода дар бахши гумрук ба уҳда дошт, мубориза бо қочоқ буд. Ӯ солҳо дар мақоми сардори Раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ кор кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, инчунин сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ иваз гардидаанд. Аммо тафсилоти ин тағйирот то кунун расонаӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0