https://sputnik.tj/20220221/doktor-ilmho-tekhnik-vazir-maorif-tojikiston-1046088503.html
Доктори илмҳои техникӣ, 53-сола: вазири нави маорифи Тоҷикистон кист?
Доктори илмҳои техникӣ, 53-сола: вазири нави маорифи Тоҷикистон кист?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нави маорифи Тоҷикистон 53 сол дошта, то таъйиноташ мудири филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологиии Маскав дар шаҳри Душанбе буд
2022-02-21T12:23+0500
2022-02-21T12:23+0500
2022-02-21T19:15+0500
дар тоҷикистон
маориф
алюминий
техникӣ
таъйин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:172:400:397_1920x0_80_0_0_a38758486049d4e3cf58a04b0e9e2739.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, ки дар мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзодаро иваз кард, доктори илмҳои техникӣ мебошад. Бар асоси ҳолномаи нашршуда, вазири нав 7 июни соли 1969 таваллуд шуда, солҳои 1986-1993 дар факултаи автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникӣ - ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ таҳсил намудааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987-1989 дар хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Горкийи Русия қарор доштааст. Ӯ фаъолияташро соли 1993 аз ассистентӣ дар кафедраи бехатари фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба унвони муаллими калон ва дотсенти ин донишгоҳ фаъолияташро идома додааст. Мавсуф солҳои 2005-2009 директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, аз соли 2011 то моҳи феврали соли 2015 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон будааст.Вай аз соли 2017 дар вазифаи сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва баъдан дар раёсати Донишгоҳи техникӣ ва филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологиии Маскав дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Дар мавриди фаъолияти илмияш зикр шудааст, ки Саидзода соли 1998 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзуи "Хӯлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе маталҳои нодирзаминӣ" ҳимоят кардааст. Соли 2017 рисолаи докториашро дар мавзуи "Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ" ҳимоят намудааст. Таъкид шудааст, ки Саидзода Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 1999 касб карда, дорои нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) ва дигар ифтихорномаю дипломҳо низ ҳаст.
https://sputnik.tj/20220221/vazir-maorif-tojikiston-maqom-barkanor-1046085044.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:165:326:410_1920x0_80_0_0_430b35ecbfbf364b607152274527bf51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, нав, маориф, тоҷикистон
вазир, нав, маориф, тоҷикистон
Доктори илмҳои техникӣ, 53-сола: вазири нави маорифи Тоҷикистон кист?
12:23 21.02.2022 (Навсозишуда: 19:15 21.02.2022) Вазири нави маорифи Тоҷикистон 53 сол дошта, то таъйинаш мудири филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологиии Маскав дар шаҳри Душанбе буд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, ки дар мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзодаро иваз кард, доктори илмҳои техникӣ мебошад.
Бар асоси ҳолномаи нашршуда, вазири нав 7 июни соли 1969 таваллуд шуда, солҳои 1986-1993 дар факултаи автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникӣ - ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ таҳсил намудааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987-1989 дар хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Горкийи Русия қарор доштааст.
Ӯ фаъолияташро соли 1993 аз ассистентӣ дар кафедраи бехатари фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба унвони муаллими калон ва дотсенти ин донишгоҳ фаъолияташро идома додааст.
Мавсуф солҳои 2005-2009 директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, аз соли 2011 то моҳи феврали соли 2015 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон будааст.
Вай аз соли 2017 дар вазифаи сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва баъдан дар раёсати Донишгоҳи техникӣ ва филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологиии Маскав дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Дар мавриди фаъолияти илмияш зикр шудааст, ки Саидзода соли 1998 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзуи "Хӯлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе маталҳои нодирзаминӣ" ҳимоят кардааст. Соли 2017 рисолаи докториашро дар мавзуи "Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ" ҳимоят намудааст.
Таъкид шудааст, ки Саидзода Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 1999 касб карда, дорои нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) ва дигар ифтихорномаю дипломҳо низ ҳаст.