https://sputnik.tj/20220221/bayden-makron-muloqot-putin-tashkil-1046117661.html
Байден аз Макрон хост, мулоқот бо Путинро ташкил кунад
Байден аз Макрон хост, мулоқот бо Путинро ташкил кунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико хостори мулоқот бо раисҷумҳури Русия шудааст
2022-02-21T19:15+0500
2022-02-21T19:15+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
владимир путин
ҷо байден
президент
эммануэл макрон
мулоқот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1c/1041231421_0:0:2779:1563_1920x0_80_0_0_26913c5ba0c047e8fac7fe2dec3f910e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳамтои фаронсавияш хостааст, ки мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ташкил кунад. Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо такя ба Қасри Елисей хабар додааст. "Мо мунтазам талош мекунем, раванди ҳаводисро тағйир диҳем. Талоше дорем, дурнамои дипломатие фароҳам созем, ки барои Кремл мақбул бошад", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати ёвари раисҷумҳури Фаронса. Таъкид шудааст, ки Макрон ба ҳайси миёнарав дар ҳалли буҳрони Украина хидмат мекунад. Пештар дар Порис баргузории мулоқоти Путин ва Байденро пешниҳод намуда буданд, ки ҷонибҳо қабул кардаанд. Дар зимн таъкид гардидааст, ки мулоқот дар сурате имконпазир аст, ки Русия ба Украина ворид нашавад. Маскав нақшаи шиддат бахшидани вазъро такзиб мекунад. Интизор меравад, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқоти рӯзи 24-уми феврал барномаи дидори роҳбарони давлатҳоро таҳия созанд, афзуданд манобеъ аз Қасри Елисей. Маврид ба зикр аст, ки тайи шабонарӯзи гузашта Макрон ва Путин ду бор телефонӣ суҳбат ва буҳрони Украинаро баррасӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220221/didbongoh-rusiya-ukraina-nobud-1046108255.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1c/1041231421_194:0:2779:1939_1920x0_80_0_0_fa1f5cb38079583667c8e726427e5848.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, байден, путин, ташкил
мулоқот, байден, путин, ташкил
Байден аз Макрон хост, мулоқот бо Путинро ташкил кунад
19:15 21.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори мулоқот бо раисҷумҳури Русия шудааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳамтои фаронсавияш хостааст, ки мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ташкил кунад.
Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо такя ба Қасри Елисей хабар додааст.
"Мо мунтазам талош мекунем, раванди ҳаводисро тағйир диҳем. Талоше дорем, дурнамои дипломатие фароҳам созем, ки барои Кремл мақбул бошад", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати ёвари раисҷумҳури Фаронса.
Таъкид шудааст, ки Макрон ба ҳайси миёнарав дар ҳалли буҳрони Украина хидмат мекунад.
Пештар дар Порис баргузории мулоқоти Путин ва Байденро пешниҳод намуда буданд, ки ҷонибҳо қабул кардаанд. Дар зимн таъкид гардидааст, ки мулоқот дар сурате имконпазир аст, ки Русия ба Украина ворид нашавад. Маскав нақшаи шиддат бахшидани вазъро такзиб мекунад.
Интизор меравад, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқоти рӯзи 24-уми феврал барномаи дидори роҳбарони давлатҳоро таҳия созанд, афзуданд манобеъ аз Қасри Елисей.
Маврид ба зикр аст, ки тайи шабонарӯзи гузашта Макрон ва Путин ду бор телефонӣ суҳбат ва буҳрони Украинаро баррасӣ намудаанд.