https://sputnik.tj/20220220/tolibon-abdulloh-abdullohro-habsi-khonagi-navor-1046068474.html
Толибон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ҳабси хонагӣ карданд - навор
Толибон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ҳабси хонагӣ карданд - навор
Sputnik Тоҷикистон
Як намояндаи аршади толибон тасдиқ кард, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст
2022-02-20T15:10+0500
2022-02-20T15:10+0500
2022-02-21T16:35+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
абдуллоҳ абдуллоҳ
толибон
ҳабси хонагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102993/30/1029933018_14:0:976:541_1920x0_80_0_0_d7636364a0e0031f0caad09da7ee8a99.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Генерал Мубин дар як мусоҳибаи худ бо рӯзноманигорон дар шаҳри Кобул гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон наметавонад бидуни иҷозати толибон хонаашро тарк намояд ва ё касе аз ӯ хабар гирад.Ҳамчунин вай афзуд, агар Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба мардуми худ дар ин бист сол хидмат мекард, мардум имрӯз дар канори ӯ мебуданд ва намегузоштанд, ки ӯ ба ин ҳолат гирифтор шавад.Ёдрас мешавем, замоне ки толибҳо ба сари қудрат омаданд, афви умумӣ эълон карданд ва аз тамоми чеҳраҳои сиёсии пешини кишвар хоҳиш карданд, кишварро тарк накунанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳамид Карзай ягона чеҳраҳои сиёсии ҳукумати пешин буданд, ки ин кишварр тарк накарданд.Қаблан дар бораи боздошту ҳабси Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар расонаҳо хабарҳо нашр шуда буд.Бояд гуфт, толибон ба Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Исмоилхон, яке аз фармондеҳони шинохтаи ин кишвар ахиран пешниҳоди баргашт ба Ватан карда буданд. Сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо ба онҳо ваъдад дод, ки амниятошон пурра таъмин хоҳад шуд.Ба назар мерасад, ки амнияти онҳо мисли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар хона "таъмин" хоҳад шуд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102993/30/1029933018_134:0:855:541_1920x0_80_0_0_225279c448e7b17c2da6931316010b2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, абдуллоҳ абдуллоҳ, ҳабси хонагӣ, толибон
афғонистон, абдуллоҳ абдуллоҳ, ҳабси хонагӣ, толибон
Толибон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ҳабси хонагӣ карданд - навор
15:10 20.02.2022 (Навсозишуда: 16:35 21.02.2022) Як намояндаи аршади толибон тасдиқ кард, ки раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Генерал Мубин дар як мусоҳибаи худ бо рӯзноманигорон дар шаҳри Кобул гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон наметавонад бидуни иҷозати толибон хонаашро тарк намояд ва ё касе аз ӯ хабар гирад.
“Бист сол дар низом буд, ӯ дар хонаи худ аст. На ба хориҷ рафта метавонад ва на бидуни иҷозат хонааш касе рафта метавонад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ бидуни иҷозат ҷое ҳам рафта наметавонад”, - гуфт генерали толибҳо.
Ҳамчунин вай афзуд, агар Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба мардуми худ дар ин бист сол хидмат мекард, мардум имрӯз дар канори ӯ мебуданд ва намегузоштанд, ки ӯ ба ин ҳолат гирифтор шавад.
“Агар ба мардум хидмат мекард, имрӯз мисли Башардӯст озодона зиндагӣ мекард. Ӯ дар оғӯши мардум мебуд. Мардум аз Абдуллоҳ пуштибонӣ мекарданд ва на толибонро иҷозат медоданд, на дигаронро. Мардум худаш аз ӯ ҳимояту нигаҳбонӣ мекарданд”, -таъкид кард генерал Мубин.
Ёдрас мешавем, замоне ки толибҳо ба сари қудрат омаданд, афви умумӣ эълон карданд ва аз тамоми чеҳраҳои сиёсии пешини кишвар хоҳиш карданд, кишварро тарк накунанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳамид Карзай ягона чеҳраҳои сиёсии ҳукумати пешин буданд, ки ин кишварр тарк накарданд.
Қаблан дар бораи боздошту ҳабси Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар расонаҳо хабарҳо нашр шуда буд.
Бояд гуфт, толибон ба Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Исмоилхон, яке аз фармондеҳони шинохтаи ин кишвар ахиран пешниҳоди баргашт ба Ватан карда буданд. Сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо ба онҳо ваъдад дод, ки амниятошон пурра таъмин хоҳад шуд.
Ба назар мерасад, ки амнияти онҳо мисли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар хона "таъмин" хоҳад шуд.