Мардуми Ӯзбекистон Наврӯзро ба муддати панҷ рӯз ҷашн мегиранд

© © Sputnik / Амир ИсаевСуманак, архивное фото
Суманак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Ҷашни миллии Наврӯз дар Узбекистон бо шиори “Салом, Наврӯз, ҷашни таҷдиди зиндагӣ, меҳрбонӣ, иззат ва каромат” ба унвони ҷашни саросарӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳурии Ӯзбекистон фармонеро дар мавриди омодагӣ ва баргузории ҷашни миллии Наврӯз дар соли 2022 содир кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Бар асоси ин фармон, барои баргузории ин ҷашн дар сатҳи боло дар манотиқ ба маросимҳои маънавии бахшида ба ҳамоҳангӣ байни инсону табиат, ишқ ва муносибати вай нисбат ба Замин - Модар тавваҷуҳи вижа дода хоҳад шуд.
Ҳамчунин барномаҳои хайрия барои эҳтирому такрим аз куҳнасарбозон, солмандон, муроқибат аз ҷавонон, ироаи кумак ба донишомӯзон дар марокизи бесарпарастони “Меҳрбонӣ”ва “Мурувват” дар назар гирифта шудааст.
Контрольно-пропускной пункт на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Вуруди як гурӯҳи хориҷиён ба Ӯзбекистон мамнуъ мешавад: кадом гурӯҳ?
Дар остонаи Ҷашни Наврӯз иқдомоти довталабона дар ободонӣ ва дарахткорӣ дар ҳамаи манотиқи ин кишвар анҷом мешавад.
Илова бар ин намоишгоҳҳои саноеи дастӣ, мусобиқоти варзишҳои миллӣ ва намоишгоҳҳои китоб баргузор ва дар маҳалли баргузории маросимҳои Ҷашни Наврӯз ғизоҳои суннатии баҳорӣ таҳия мешавад.
Мардуми Ӯзбекистон имсол Ҷашни Наврӯзро ба муддати панҷ рӯз ,яъне рӯзҳои 19, 20, 21, 22 ва 23 март ҷашн мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0