Бебориш ва то 19 дараҷа гармӣ: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЛюди на проспекте Рудаки в Душанбе
Люди на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Омадани баҳор дар Тоҷикистон наздик аст ва гармии ҳаво аллакай то 19 дараҷа расидааст
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, боришот борон дар назар нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 20-25 ва рзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро низ бебориш арзёбӣ намуд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм, рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0