https://sputnik.tj/20220220/donishgoh-politekhniki-kobul-dars-1046072742.html
Донишгоҳи политехникии Кобул аз оғози дарсҳо барои писарону духтарон гуфт
Донишгоҳи политехникии Кобул аз оғози дарсҳо барои писарону духтарон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Пӯшидани ҳиҷоб барои донишҷӯдухтарон ҳатмӣ буда, ҳамчунин либоси онҳо бояд сиёҳ ва оддӣ бошад 20.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-20T18:35+0500
2022-02-20T18:35+0500
2022-02-21T17:24+0500
афғонистон
маориф
толибон
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043256834_0:321:3070:2048_1920x0_80_0_0_710e47869588d139f46fac28de733539.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Донишгоҳи политехникии Кобул замони азсаргирии дарсҳоро эълон кард.Бинобар иттилои телеграмканали Sputnik Афғонистон, дарсҳо аз 26 феврал оғоз мешаванд.Гуфта мешавад, дарсҳо ба ду давра тақсим мешаванд. Бахши якум аз соати 7:30 то 10:45 ва бахши дуюм нисфирӯзӣ, аз соати 11:45 то 15:25 баргузор хоҳанд шуд. Бахши аввал барои духтарон ва бахши дуюм барои писарон хоҳад буд.Ҳамчунин магистрҳо ва донишҷӯёни бахши шабона аз соати 16:00 ба дарс хоҳанд омад.Вазорати маорифи Афғонистон мегӯяд, аз духтарон хоҳиш карда шудааст, ки ҳатман ҳиҷоб ба бар кунанд.Ҳамчунин тақозо шудааст, ки онҳо либоси сиёҳи оддӣ бипӯшанд ва он набояд борику шаффоф бошад.Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани толибон дар моҳи гузашта баста шуданд.Ин иқдоми толибон вокунишҳои густардаеро ба бор овардааст. Дар робита ба ин президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфта буд, ки духтарони афғонистонӣ бояд ҳарчи зудтар ба мактаб баргарданд.Карзай таъкид карда буд, ки Афғонистон бидуни занони маълумотдор кишвари пешрафта нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220220/ashraf-ghani-okhiri-umri-khud-afghoniston-1046072340.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043256834_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_4c21c931b8e9464ddbaff04a8ba0d901.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, маориф, толибон, мактаб
афғонистон, маориф, толибон, мактаб
Донишгоҳи политехникии Кобул аз оғози дарсҳо барои писарону духтарон гуфт
18:35 20.02.2022 (Навсозишуда: 17:24 21.02.2022) Пӯшидани ҳиҷоб барои донишҷӯдухтарон ҳатмӣ буда, ҳамчунин либоси онҳо бояд сиёҳ ва оддӣ бошад
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Донишгоҳи политехникии Кобул замони азсаргирии дарсҳоро эълон кард.
Бинобар иттилои телеграмканали Sputnik Афғонистон, дарсҳо аз 26 феврал оғоз мешаванд.
Гуфта мешавад, дарсҳо ба ду давра тақсим мешаванд. Бахши якум аз соати 7:30 то 10:45 ва бахши дуюм нисфирӯзӣ, аз соати 11:45 то 15:25 баргузор хоҳанд шуд. Бахши аввал барои духтарон ва бахши дуюм барои писарон хоҳад буд.
Ҳамчунин магистрҳо ва донишҷӯёни бахши шабона аз соати 16:00 ба дарс хоҳанд омад.
Вазорати маорифи Афғонистон мегӯяд, аз духтарон хоҳиш карда шудааст, ки ҳатман ҳиҷоб ба бар кунанд.
Ҳамчунин тақозо шудааст, ки онҳо либоси сиёҳи оддӣ бипӯшанд ва он набояд борику шаффоф бошад.
Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани толибон дар моҳи гузашта баста шуданд.
Ин иқдоми толибон вокунишҳои густардаеро ба бор овардааст. Дар робита ба ин президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфта буд, ки духтарони афғонистонӣ бояд ҳарчи зудтар ба мактаб баргарданд.
Карзай таъкид карда буд, ки Афғонистон бидуни занони маълумотдор кишвари пешрафта нахоҳад шуд.