https://sputnik.tj/20220219/vkd-muhojiron-qonun-rusiya-1046043608.html
ВКД муҳоҷиронро аз иқдомоти сахтгирона барои нақзи қонунҳои Русия ҳушдор дод
ВКД муҳоҷиронро аз иқдомоти сахтгирона барои нақзи қонунҳои Русия ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки сатҳи омодагии муҳоҷирони меҳнатиро беҳтар кунанд 19.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-19T09:45+0500
2022-02-19T09:45+0500
2022-02-21T11:39+0500
муҳоҷират
дар русия
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бар зидди шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати нақзи Қонуни муҳоҷират чораҳои сахт, аз ҷумла ихроҷ ва мамнуияти вуруд ба Русия андешида мешаванд. Дар ин бора зимни ҷаласаи 26-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ, ки таҳти раёсати муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники милитсия Александр Горовой баргузор шуд, таъкид шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД.Горовой аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки сатҳи омодагии муҳоҷирони корӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби онҳо ба равандҳои харобиовар дар қаламрави кишварҳои мизбонро беҳтар кунанд. Ба иттилои вазорат, дар ин нишаст аъзои шӯро ва намояндагони ваколатдор аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат карданд. Намояндагони Туркманистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ҳамчун меҳмон ва нозир дар ин нишаст он ширкат карданд. Илова бар ин, чунон ки гуфта мешавад, як рӯз қабл ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид. Тайи ин нишаст масъалаи фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашуда дар кишварҳои узви ИДМ барои ҳифзи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд то давраи муайян кардани мақоми ҳуқуқии онҳо низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад ВКД.
https://sputnik.tj/20220218/qonun-muhojir-rusiya-ghayriqonuni-1046003216.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар русия, қонун
муҳоҷират, дар русия, қонун
ВКД муҳоҷиронро аз иқдомоти сахтгирона барои нақзи қонунҳои Русия ҳушдор дод
09:45 19.02.2022 (Навсозишуда: 11:39 21.02.2022) Муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки сатҳи омодагии муҳоҷирони меҳнатиро беҳтар кунанд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бар зидди шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати нақзи Қонуни муҳоҷират чораҳои сахт, аз ҷумла ихроҷ ва мамнуияти вуруд ба Русия андешида мешаванд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи 26-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ, ки таҳти раёсати муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники милитсия Александр Горовой баргузор шуд, таъкид шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД.
Горовой аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки сатҳи омодагии муҳоҷирони корӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби онҳо ба равандҳои харобиовар дар қаламрави кишварҳои мизбонро беҳтар кунанд.
"Раиси шӯро аз чораҳои сахтгирона алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ихроҷ аз Русия то мамнуулвуруд кардани онҳо дар сурати нақзи Қонуни муҳоҷират хабар дод", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ба иттилои вазорат, дар ин нишаст аъзои шӯро ва намояндагони ваколатдор аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат карданд.
Намояндагони Туркманистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ҳамчун меҳмон ва нозир дар ин нишаст он ширкат карданд.
Илова бар ин, чунон ки гуфта мешавад, як рӯз қабл ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.
Тайи ин нишаст масъалаи фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашуда дар кишварҳои узви ИДМ барои ҳифзи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд то давраи муайян кардани мақоми ҳуқуқии онҳо низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад ВКД.