Навори пирӯзӣ ва шикасти Темур Раҳимов дар Исроил - видеоҳо

Обуна шудан
Ҷудокори шинохтаи тоҷик ду рақибашро дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam 2022" шикаст дода, аз ҳарифи гурҷияш шикаст хӯрд
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов ду мусобиқаи аввалашро дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam 2022" бо пирӯзӣ анҷом дод.
Дар нахустин рақобаташ Раҳимов паҳлавони мизбон Серафим Компаниезро шикаст дода, дар даври чорякниҳоӣ бар Штефан Ҳегии австриягӣ дастболо гардид.
Аммо дар даври нимниҳоӣ паҳлавони тоҷик аз ҷудокори гурҷӣ Гурам Тушишвили шикаст хӯрд.
Қаблан намояндагони дигари Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар ин мусобиқа мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардида буданд.
Мусобиқа дар Исроил бо иштироки 309 варзишгар аз 34 давлати ҷаҳон идома дорад. Чун анъана варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, соҳиби ҷоизаи пулӣ низ мешаванд. Аз ҷумла барои ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1500 евро муқаррар гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0