Вазорати тандурустӣ соҳиби ҷоизаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шуд

© Минздрав РТНаграда ВОЗ Минздраву РТ
Награда ВОЗ Минздраву РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ҷоизаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои эътирофи фидокории кормандони тиб ва уҳдадориҳои бардавоми қувваи беҳдошт ва нигоҳубин дар беҳбуди саломатӣ ва некӯаҳволии мардум сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бинобар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҷоизаи мазкурро ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мушовири СҶТ дар умури сиёсати тандурустӣ Илкер Даштан тақдим кардааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ин ҷоиза зимни ҷаласаи расмии Шӯрои ҳамоҳангсози байнисоҳавии татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон то соли 2030" тақдим карда шуд.
Врач-педиатр в больнице с ребенком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Вазири тандурустӣ аз махсусияти гирифтории кӯдакон ба коронавирус гуфт
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дастовардҳои асосӣ дар самти пешгирӣ, ташхису табобат ва назорати бемории сироятии COVID-19 дар давраи пандемияи COVID-19, таҷдиди назар гардидани ҳамгироии фаъолият байни муассисаҳои беморхонавӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа роҳҳои самаранок ва фаврии мушкилоти ташхису табобат, дарёфт ва безараргардонии манбаи сироят, ба канорагирӣ равон намудани нафароне, ки бо бемор дар тамос буданд, фароҳам омаданд.

“Ҳамзамон дар ин самт чорабиниҳои зиёд анҷом дода шуданд, ки дар худ як навъ ташаббусу тадбирҳо ё модели миллии пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо, аз ҷумла COVID-19-ро ифода менамояд”, - қайд кардааст вазорати тандурустӣ.

Ҳамзамон муовини аввали Вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода иброз доштааст, ки тамоми ҷабҳаҳои вокуниш бар зидди бемории коронавирус таъмин гардиданд.

“Имрӯз Тоҷикистон миёни тамоми давлатҳои ҷаҳон дар зинаи 14-ум аз лиҳози фарогирии ваксинатсия қарор гирифт. Моҳи феврали соли равон фарогирии сокинон ба ваксина то 90 фоиз расида, то охири моҳ ин рақам боло хоҳад рафт”,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 воя ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Файзер” ворид карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0