https://sputnik.tj/20220218/smm-tahdid-asosi-insoniyat-elon-1046009079.html
Хатар бузург аст: СММ таҳдидҳои асосӣ ба инсониятро эълон кард
Хатар бузург аст: СММ таҳдидҳои асосӣ ба инсониятро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Олимон гуфтанд, ки ҳаёт дар рӯи замин чӣ гуна тағир меёбад. Тафсилот дар мавод аст.
2022-02-18T12:29+0500
2022-02-18T12:29+0500
2022-02-18T18:38+0500
дар ҷаҳон
таҳдид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827372_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_3be9aa747fc547c6551c3bc56aeb4384.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Коршиносони Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) ифлосшавӣ ва сӯхторҳои ҷангалро хатари аслӣ барои башарият эълом кардаанд. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ин бора гузориш нашр кардааст. Сӯхторҳои ҷангал ва олудагии савтии табиат ба саломатии инсон бештар зарар мерасонанд. Коршиносон гуфтаанд, ки бар асари сӯхтор дар ҷангал дарахтҳо зуд аз худ кардани партовҳои газҳоро қатъ карда ва баръакс ба тавлиди он шуруъ мекунанд. Сӯхтор дар минтақаҳои ҷангал ба ифлосшавии об ва обшавии пиряхҳо таъсир мерасонад. Коршиносони СММ хатари сеюм ё асосиро десинхронизатсияи экосистема номиданд, ки бо фарорасии барвақти баҳор ва дерҳангоми тирамоҳ дар арзҳои муътадил ва субқутбӣ алоқаманд аст. Муҳаққиқон мутмаинанд, ки ин равандҳо аллакай саршумори 117 намуди паррандагони аврупоиро, ки дар тирамоҳ ба Африқо муҳоҷират мекунанд ва дар аввали баҳор ба шимол бармегарданд, коҳиш додааст. Қаблан хабарнигори нашрияи илмии даниягӣ "Berlingske" Ларс Хенрик Огор гуфта буд, ки таҳдиди асосии табиӣ ба ҳаёт дар рӯи замин як вулқони бадҳайбат аст. Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) соли 1972 таъсис ёфтааст. Он барои ҳавасманд кардани шарикӣ дар соҳаи ғамхорӣ ба муҳити зист, фароҳам овардани имкониятҳо барои беҳтар кардани сифати зиндагии одамон бидуни осеб ба наслҳои оянда пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20211201/taghyirot-iqlim-odam-bezeb-1043862755.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827372_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_41739fa255956e3ddddb537008501ba9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
инсоният, смм, таҳдид
Хатар бузург аст: СММ таҳдидҳои асосӣ ба инсониятро эълон кард
12:29 18.02.2022 (Навсозишуда: 18:38 18.02.2022) Олимон гуфтанд, ки ҳаёт дар рӯи замин чӣ гуна тағйир меёбад. Тафсилотро аз матлаби зер дарёбед
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Коршиносони Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) ифлосшавӣ ва сӯхторҳои ҷангалро хатари аслӣ барои башарият эълом кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ин бора
гузориш нашр кардааст.
Сӯхторҳои ҷангал ва олудагии савтии табиат ба саломатии инсон бештар зарар мерасонанд.
Коршиносон гуфтаанд, ки бар асари сӯхтор дар ҷангал дарахтҳо зуд аз худ кардани партовҳои газҳоро қатъ карда ва баръакс ба тавлиди он шуруъ мекунанд. Сӯхтор дар минтақаҳои ҷангал ба ифлосшавии об ва обшавии пиряхҳо таъсир мерасонад.
"Олудагии савтӣ, дар навбати худ ба рушди асабонияти доимӣ мусоидат мекунад ва ба хоб таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин метавонад боиси бемории дил, сустшавии шунавоӣ, инчунин инкишофи ихтилоли равонӣ гардад", - омадааст дар гузориш.
Коршиносони СММ хатари сеюм ё асосиро десинхронизатсияи экосистема номиданд, ки бо фарорасии барвақти баҳор ва дерҳангоми тирамоҳ дар арзҳои муътадил ва субқутбӣ алоқаманд аст.
Муҳаққиқон мутмаинанд, ки ин равандҳо аллакай саршумори 117 намуди паррандагони аврупоиро, ки дар тирамоҳ ба Африқо муҳоҷират мекунанд ва дар аввали баҳор ба шимол бармегарданд, коҳиш додааст.
Қаблан хабарнигори нашрияи илмии даниягӣ "Berlingske" Ларс Хенрик Огор гуфта буд, ки таҳдиди асосии табиӣ ба ҳаёт дар рӯи замин як вулқони бадҳайбат аст.
Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) соли 1972 таъсис ёфтааст.
Он барои ҳавасманд кардани шарикӣ дар соҳаи ғамхорӣ ба муҳити зист, фароҳам овардани имкониятҳо барои беҳтар кардани сифати зиндагии одамон бидуни осеб ба наслҳои оянда пешбинӣ шудааст.