https://sputnik.tj/20220218/raftor-avboshon-charo-ima-pul-afghonistonihoro-girift-1046015336.html
"Рафтори авбошон". Чаро ИМА пули афғонистониҳоро гирифт?
"Рафтори авбошон". Чаро ИМА пули афғонистониҳоро гирифт?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, пули Бонки марказии Афғонистонро, ки дар Амрико нигоҳ дошта мешавад, ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр ҳадя... 18.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-18T14:45+0500
2022-02-18T14:45+0500
2022-02-21T15:47+0500
афғонистон
пул
амрико
дар ҷаҳон
фақр
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/99/1031119955_0:172:3030:1876_1920x0_80_0_0_1349442473fd8a157dba8197b7ee1ae9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik, Ксения Мелникова. Раисҷумҳури Амрико фармонеро имзо кард, ки 7 миллиард доллар захираи пули Афғонистонро масдуд мекунад. Ин пул дар бонкҳои Амрико нигоҳ дошта мешавад. Сею ним миллиони он ба оила ва хешу табори афроде, ки дар 11 сентябри соли 2001 кушта шуда буданд, фиристода мешавад. Нисфи дигараш ба созмонҳои башардӯстонаи Афғонистон меравад.То кунун ин дороиҳо ба ҳисоби махсуси Бонки федералии захиравии Ню Йорк интиқол дода шудаанд. Иҷозат бояд аз ҷониби суди давлатӣ дода шавад.Кобул зиёда аз нуҳ миллиард доллар захираи тилою асъор дорад. Ҳафт миллиони он дар ИМА, боқимонда дар Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Швейтсария нигоҳ дошта мешаванд. Вашингтон борҳо таъкид кардааст, ки мақомоти Афғонистон ин маблағро дар бист соли охир асосан ба шарофати кумаки Амрико ҷамъоварӣ кардаанд.Фармони Байден дар СММ маҳкум карда шуд. Котиби матбуотии дабири кул Стефан Дюжаррик даъват кард, ки дороиҳо озод карда шаванд. Инро пештар талаб карда буданд, вале бефоида.Пекин вокуниши боз ҳам шадидтар кард. "Рафтори ғоратгарон. Ин бори дигар собит мекунад, ки низоми ҷаҳоние, ки Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мекунад, аз ҳуқуқи афроди нотавон ва адолат ҳимоят намекунад, балки танҳо аз гегемонияи Вашингтон пуштибонӣ мекунад", - гуфтааст Вазорати хориҷаи Чин.Маскав ҳам хомӯш нест. "Чаро мардуми Афғонистон, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ташкили ин ҳамлаҳои террористӣ ширкат надоштанд, акнун бояд маблағи онҳоро пардохт кунанд?", - суолеро матраҳ кард сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова, дар ҳоле ки хашмгин буд. “НАТО ва Вашингтон воқеан буҳрони башардӯстона дар Афғонистонро шадидтар мекунанд", - афзуд ӯ.Дар Кобул ва Ҷалолобод эътироз баргузор шуд. "Мубориза бар зидди мардуми Афғонистонро бас кунед!", "ИМА ва муттаҳидонаш бояд барои кушта шудани ҳазорон афғонистонӣ ва харобии Афғонистон пардохт кунанд!", чунин шоир медоданд муътаризон.Таҳрим ба ҷои кумакМуҳаммад Наим, раиси дафтари сиёсии толибон дар Қатар дар “Твиттер” навишт: "Дузди пули Афғонистон далели таназзули инсонӣ ва ахлоқии кишвар ва ҷомеа аст".ИМА созишномаро риоя намекунад. Ба гуфтаи Амирхон Мутаккӣ, вазири умури хориҷӣ, Вашингтон аъзои ҳукумати нави Афғонистонро ба рӯйхати сиёҳ ворид накардааст, балки ба ҷои кумак дар эҳёи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардааст.Барои нахустин бор мақомоти собиқи Афғонистон низ аз толибон пуштибонӣ карданд. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон "ба хотири наслҳои оянда" аз Вошингтон хостааст, маболиғеро, ки "на ба ҳукумат, балки ба мардуми Афғонистон" тааллуқ доранд, фавран баргардонад.Ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири пешини умури хориҷӣ "истифодаи захираҳои зарурӣ барои таъмини зиндагии Афғонистонро ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ” номид ва бо назардошти он ки афғонистониҳо худ қурбонии терроризм ҳастанд, ба ҳалокшудагони 11 сентябр самимона ҳамдардӣ баён кард.Ҳукумати Ҷозеф Байден 15 августи соли гузашта захираҳои давлатии Афғонистонро мунҷамид кард. Амрикоиҳо ҳарчанд натавонистанд аз суқути режими президент Ашраф Ғанӣ пешгирӣ кунанд, фишанги пурқуввати фишор болои Кобулро нигоҳ доштанд. Толибон аз Конгресс хостанд, ки имкони ихтиёрдории озодонаи манобеи молиро ба онҳо баргардонад. Аммо Касри Сафед возеҳ гуфт, ки ин набояд ҳисоб карда шавад.Русия ва Чин ба зарурати ғайрисиёсӣ кардани ин масъала ва "ба таври фаврӣ аз бастани пулҳои афғонистониҳо дар суратҳисобҳои бонкҳои ғарбӣ" ишора карданд. Ба гуфтаи Владимир Путин, дар он сурат метавон ба кӯдакон кумак кард, таҷҳизоти тиббӣ ва дору харидорӣ кард. Вашингтон ва Брюссел шартҳои сиёсӣ ба миён гузоштанд: афв барои афғонистониҳое, ки бо ҳукумати қаблӣ кор мекарданд, ҳукумати фарогир, таҳсили духтарон дар мактаб.Аз нуқтаи назари таърихӣ, вазъияти ба худи хосе ба вуҷуд омад, қайд мекунад ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, директори Маркази таҳқиқотии “Афғонистони муосир” Умар Нисор. "Аз як тараф толибон то ҳол эътироф нашудаанд. Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки ин бояд як раванди дастаҷамъӣ бошад ва Русия дар омади гап, ба ҳамин нуқтаи назар пойбанд аст. Аз сӯйи дигар ҳама бо толибон дар тамос ҳастанд. Баъзеҳо дар Афғонистон сафирони давлатҳо ҳастанд ва толибон низ намояндагиҳои дипломатӣ доранд. Ҳамин тавр ба навъе эътироф сурат мегирад, аммо онҳо расман дар ин бора ҳарф намезананд”, - шарҳ медиҳад сиёсатшинос.Ҳукуматдорони Афғонистон бори дигар кӯшиш мекунанд, ки захираҳои тилою асъорро боз кунанд. Як ҳайат барои мулоқот бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс ба Қатар ва дигаре ба Бритониё фиристода шуд. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки онҳо дар нимароҳ вохӯранд, мегӯяд манбаъ."Дар Иёлоти Муттаҳида ин тасмим бештар дар асоси вазъи сиёсии дохилӣ гирифта шуд: поин рафтани рейтинги Байден, интиқоди фирор аз Афғонистон. Ин як кӯшиши таъсиррасонӣ ба афкори умум аст. Вашингтон сигнал медиҳад: мо омода нестем эътироф кунем. Аммо ин барои Кобул ягон оқибати хосе нахоҳад дошт”, - мутмаин аст Умар Нисор.Ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба вазъи башардӯстона таъсир намерасонад. Вазъ чуноне ки буд, ҳамон тавр боқӣ хоҳад монд.
https://sputnik.tj/20220217/smm-muboriza-terrorizm-himoyati-afghoniston-avruosiyo-1045996491.html
https://sputnik.tj/20220216/mardumi-afghoniston-gurusnagi-1045939469.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/99/1031119955_151:0:2880:2047_1920x0_80_0_0_37477423152e6c2b543c61be7296d1f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон фақр пул амрико ҷанг мунҷамид байден смм
афғонистон фақр пул амрико ҷанг мунҷамид байден смм
"Рафтори авбошон". Чаро ИМА пули афғонистониҳоро гирифт?
14:45 18.02.2022 (Навсозишуда: 15:47 21.02.2022) Раисҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, пули Бонки марказии Афғонистонро, ки дар Амрико нигоҳ дошта мешавад, ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр ҳадя кунад, ҳарчанд ҳеҷ яке аз ҳамлагарон афғонистонӣ набуд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik, Ксения Мелникова. Раисҷумҳури Амрико фармонеро имзо кард, ки 7 миллиард доллар захираи пули Афғонистонро масдуд мекунад. Ин пул дар бонкҳои Амрико нигоҳ дошта мешавад. Сею ним миллиони он ба оила ва хешу табори афроде, ки дар 11 сентябри соли 2001 кушта шуда буданд, фиристода мешавад. Нисфи дигараш ба созмонҳои башардӯстонаи Афғонистон меравад.
То кунун ин дороиҳо ба ҳисоби махсуси Бонки федералии захиравии Ню Йорк интиқол дода шудаанд. Иҷозат бояд аз ҷониби суди давлатӣ дода шавад.
Кобул зиёда аз нуҳ миллиард доллар захираи тилою асъор дорад. Ҳафт миллиони он дар ИМА, боқимонда дар Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Швейтсария нигоҳ дошта мешаванд. Вашингтон борҳо таъкид кардааст, ки мақомоти Афғонистон ин маблағро дар бист соли охир асосан ба шарофати кумаки Амрико ҷамъоварӣ кардаанд.
Фармони Байден дар СММ маҳкум карда шуд. Котиби матбуотии дабири кул Стефан Дюжаррик даъват кард, ки дороиҳо озод карда шаванд. Инро пештар талаб карда буданд, вале бефоида.
Пекин вокуниши боз ҳам шадидтар кард. "Рафтори ғоратгарон. Ин бори дигар собит мекунад, ки низоми ҷаҳоние, ки Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мекунад, аз ҳуқуқи афроди нотавон ва адолат ҳимоят намекунад, балки танҳо аз гегемонияи Вашингтон пуштибонӣ мекунад", - гуфтааст Вазорати хориҷаи Чин.
Маскав ҳам хомӯш нест. "Чаро мардуми Афғонистон, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ташкили ин ҳамлаҳои террористӣ ширкат надоштанд, акнун бояд маблағи онҳоро пардохт кунанд?", - суолеро матраҳ кард сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова, дар ҳоле ки хашмгин буд. “НАТО ва Вашингтон воқеан буҳрони башардӯстона дар Афғонистонро шадидтар мекунанд", - афзуд ӯ.
Дар Кобул ва Ҷалолобод эътироз баргузор шуд. "Мубориза бар зидди мардуми Афғонистонро бас кунед!", "ИМА ва муттаҳидонаш бояд барои кушта шудани ҳазорон афғонистонӣ ва харобии Афғонистон пардохт кунанд!", чунин шоир медоданд муътаризон.
Муҳаммад Наим, раиси дафтари сиёсии толибон дар Қатар дар “Твиттер” навишт: "Дузди пули Афғонистон далели таназзули инсонӣ ва ахлоқии кишвар ва ҷомеа аст".
ИМА созишномаро риоя намекунад. Ба гуфтаи Амирхон Мутаккӣ, вазири умури хориҷӣ, Вашингтон аъзои ҳукумати нави Афғонистонро ба рӯйхати сиёҳ ворид накардааст, балки ба ҷои кумак дар эҳёи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардааст.
Барои нахустин бор мақомоти собиқи Афғонистон низ аз толибон пуштибонӣ карданд. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон "ба хотири наслҳои оянда" аз Вошингтон хостааст, маболиғеро, ки "на ба ҳукумат, балки ба мардуми Афғонистон" тааллуқ доранд, фавран баргардонад.
Ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири пешини умури хориҷӣ "истифодаи захираҳои зарурӣ барои таъмини зиндагии Афғонистонро ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ” номид ва бо назардошти он ки афғонистониҳо худ қурбонии терроризм ҳастанд, ба ҳалокшудагони 11 сентябр самимона ҳамдардӣ баён кард.
Ҳукумати Ҷозеф Байден 15 августи соли гузашта захираҳои давлатии Афғонистонро мунҷамид кард. Амрикоиҳо ҳарчанд натавонистанд аз суқути режими президент Ашраф Ғанӣ пешгирӣ кунанд, фишанги пурқуввати фишор болои Кобулро нигоҳ доштанд. Толибон аз Конгресс хостанд, ки имкони ихтиёрдории озодонаи манобеи молиро ба онҳо баргардонад. Аммо Касри Сафед возеҳ гуфт, ки ин набояд ҳисоб карда шавад.
Русия ва Чин ба зарурати ғайрисиёсӣ кардани ин масъала ва "ба таври фаврӣ аз бастани пулҳои афғонистониҳо дар суратҳисобҳои бонкҳои ғарбӣ" ишора карданд. Ба гуфтаи Владимир Путин, дар он сурат метавон ба кӯдакон кумак кард, таҷҳизоти тиббӣ ва дору харидорӣ кард.
"Ин барои аслиҳа истифода намешавад ва толибон ҳам дар Афғонистон ба силоҳ ниёз надоранд. Дар он ҷо аллакай миллиардҳо доллар аслиҳа боқӣ мондааст", - гуфт раҳбари Русия зоҳиран бо ишора ба пайомадҳои хуруҷи сареи амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо аз ин кишвар.
Вашингтон ва Брюссел шартҳои сиёсӣ ба миён гузоштанд: афв барои афғонистониҳое, ки бо ҳукумати қаблӣ кор мекарданд, ҳукумати фарогир, таҳсили духтарон дар мактаб.
Аз нуқтаи назари таърихӣ, вазъияти ба худи хосе ба вуҷуд омад, қайд мекунад ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, директори Маркази таҳқиқотии “Афғонистони муосир” Умар Нисор. "Аз як тараф толибон то ҳол эътироф нашудаанд. Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки ин бояд як раванди дастаҷамъӣ бошад ва Русия дар омади гап, ба ҳамин нуқтаи назар пойбанд аст. Аз сӯйи дигар ҳама бо толибон дар тамос ҳастанд. Баъзеҳо дар Афғонистон сафирони давлатҳо ҳастанд ва толибон низ намояндагиҳои дипломатӣ доранд. Ҳамин тавр ба навъе эътироф сурат мегирад, аммо онҳо расман дар ин бора ҳарф намезананд”, - шарҳ медиҳад сиёсатшинос.
Ҳукуматдорони Афғонистон бори дигар кӯшиш мекунанд, ки захираҳои тилою асъорро боз кунанд. Як ҳайат барои мулоқот бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс ба Қатар ва дигаре ба Бритониё фиристода шуд. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки онҳо дар нимароҳ вохӯранд, мегӯяд манбаъ.
"Дар Иёлоти Муттаҳида ин тасмим бештар дар асоси вазъи сиёсии дохилӣ гирифта шуд: поин рафтани рейтинги Байден, интиқоди фирор аз Афғонистон. Ин як кӯшиши таъсиррасонӣ ба афкори умум аст. Вашингтон сигнал медиҳад: мо омода нестем эътироф кунем. Аммо ин барои Кобул ягон оқибати хосе нахоҳад дошт”, - мутмаин аст Умар Нисор.
Ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба вазъи башардӯстона таъсир намерасонад. Вазъ чуноне ки буд, ҳамон тавр боқӣ хоҳад монд.