https://sputnik.tj/20220218/muhojiron-pulis-maskav-hamla-1046006439.html
Муҳоҷирон ба кормандони пулиси Маскав дар метро ҳамла карданд - видео
Муҳоҷирон ба кормандони пулиси Маскав дар метро ҳамла карданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Муноқиша бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо рух додааст
2022-02-18T11:50+0500
2022-02-18T11:50+0500
2022-02-18T12:11+0500
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар метрои Маскав ду афсари пулис мавриди ҳамлаи мущоыирон қарор гирифтанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар медиҳад. Ҳодиса ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат рух додааст. Пулис хост, ки ҳуввияти ин ду нафарро дақиқ кунад, аммо онҳо нахуст рад карданд ва сипас ба мақомот ҳамла намуданд."Яке аз гумонбаршудагон талаби қонунии мақомот дар бораи рафтан ба утоқи пулис барои муайян кардани ҳуввияти худро қатъиян рад кард ва баъдан ба тела додан ва ҷунбонидани дастонаш ба сӯи афсарони милиса шурӯъ кард", - омадааст дар изҳороти шӯъба.Яке аз ҷабрдидаҳо аз сараш захм бардошту, дуюмиро бо лагад кӯфтаанд.Гуфта мешавад, ки як ҳамлагар фирор кард, гумонбари дигар дар ҷои ҳодиса дастгир шуд. Лаҳзаи боздошти яке аз муҳоҷирон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса, парвандаи ҷиноӣ дар асоси қисми 1 моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) боз шуд.Ба иттилои расонаҳо, боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст. Бо вуҷуди он, ки ба гуфтаи ӯ, танҳо пулисро тела додааст ва аз қувваи ҷисмонӣ истифода накардааст, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Маскав як муҳоҷири тоҷик ду корманди пулисро захмӣ кардааст. Намояндагони мақомот барои бартараф кардани муноқиша ҳозир шудаанд, вале худ зарар диданд. Ҳангоми боздошт яке аз шаҳрвандон сӯи пулис кордкашӣ кардааст.Путин гуфт, бо муҳоҷирони қонуншикан чӣ бояд кардКормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи даст ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Маълум шуда, ки ҳамлагар зодаи Тоҷикистон будааст. Ӯ 23 сол дошта, дар Маскав ҷои истиқомати доимӣ надорад.
https://sputnik.tj/20220218/qonun-muhojir-rusiya-ghayriqonuni-1046003216.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамла, муҳоҷирон, пулис, маскав
ҳамла, муҳоҷирон, пулис, маскав
Муҳоҷирон ба кормандони пулиси Маскав дар метро ҳамла карданд - видео
11:50 18.02.2022 (Навсозишуда: 12:11 18.02.2022) Муноқиша бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо рух додааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар метрои Маскав ду афсари пулис мавриди ҳамлаи мущоыирон қарор гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ҳодиса ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат рух додааст. Пулис хост, ки ҳуввияти ин ду нафарро дақиқ кунад, аммо онҳо нахуст рад карданд ва сипас ба мақомот ҳамла намуданд.
"Яке аз гумонбаршудагон талаби қонунии мақомот дар бораи рафтан ба утоқи пулис барои муайян кардани ҳуввияти худро қатъиян рад кард ва баъдан ба тела додан ва ҷунбонидани дастонаш ба сӯи афсарони милиса шурӯъ кард", - омадааст дар изҳороти шӯъба.
Яке аз ҷабрдидаҳо аз сараш захм бардошту, дуюмиро бо лагад кӯфтаанд.
Гуфта мешавад, ки як ҳамлагар фирор кард, гумонбари дигар дар ҷои ҳодиса дастгир шуд. Лаҳзаи боздошти яке аз муҳоҷирон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса, парвандаи ҷиноӣ дар асоси қисми 1 моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) боз шуд.
Ба иттилои расонаҳо, боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст. Бо вуҷуди он, ки ба гуфтаи ӯ, танҳо пулисро тела додааст ва аз қувваи ҷисмонӣ истифода накардааст, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Маскав як муҳоҷири тоҷик ду корманди пулисро захмӣ кардааст. Намояндагони мақомот барои бартараф кардани муноқиша ҳозир шудаанд, вале худ зарар диданд. Ҳангоми боздошт яке аз шаҳрвандон сӯи пулис кордкашӣ кардааст.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи даст ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Маълум шуда, ки ҳамлагар зодаи Тоҷикистон будааст. Ӯ 23 сол дошта, дар Маскав ҷои истиқомати доимӣ надорад.