https://sputnik.tj/20220218/amriko-diish-afghoniston-huzuri-faol-1046020959.html
Амрико: ДИИШ* дар бахшҳое аз Афғонистон ҳузури фаъол дорад
Амрико: ДИИШ* дар бахшҳое аз Афғонистон ҳузури фаъол дорад
Sputnik Тоҷикистон
Толибоҳо ин гуфтаҳоро рад мекунанд в мегӯянд, ки ин кишвар паноҳгоҳи амн барои террористон нест
2022-02-18T16:15+0500
2022-02-18T16:15+0500
2022-02-18T20:15+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
таҳдид
дииш
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/17/1032138717_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_ee6054d4f4e10fa968057a07824712c2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Кеннет Фрэнк Маккензи, фармондеҳи марказии Амрико аз талошҳои бахши хуросонии ДИИШ* барои ҷалби мухолифони толибҳо изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, тибқи малумоти ҷадиди Пентагон, гурӯҳҳои террористие ба мисли ДИИШ* дар Афғонистон ҳамчунон фаъоланд, иттилоъ додааст Sputnik Афғнистон дар истинод ба "TOLOnews".Арзёбиҳои ахири Вазорати дифои Амрико нишон медиҳад, ки ДИИШ* дар Афғонистон ҳузур дорад ва бахши хуросонии ин гурӯҳ дар пайи ҷалби мухолифони норозӣ аз низоми толибон аст.Пентагон аз он нигарон аст, ки ҳадафи асосии ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам нақшаи ҳамла ба Ғарб, бахусус ба Иёлоти Муттаҳида аст.“Он чизе ки мо дар минтақаҳои Афғонистон мебинем, зери назорати ҳукумат нестанд. ДИИШ* ба таври анъанавӣ густариш меёбад ва ман фикр мекунам, ки дар он хатаре вуҷуд дорад. Мо медонем, ки ДИИШ* таҳдиди воқеӣ мебошад. Ин гурӯҳ мехоҳад ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳамсоягони мо дар Аврупо ва дигар минтақаҳо ҳамла кунад, аз ин рӯ ман аз он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, нигаронам”, - гуфт генерали амрикоӣ.Майкл Волтз, узви Конгресси Амрико гуфт: "Мо гузоришҳои истихборотӣ дарёфт кардем, ки "Ал-қоида"* ва ДИИШ* ҳар ду дар пайи ҳамла ба Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб ҳастанду онҳо барои афзоиши тавонмандии худ ҳама корро мекунанд" .Дар ҳамин ҳол дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал фаъолияти ДИИШ ва “Ал-қоида”* дар Афғонистонро на танҳо барои кишварҳои ҳамсоя, балки хатари ҷиддӣ барои минтақа донист."Мо ба сарҳадҳои ҷанубии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунем, мо шоҳиди як давраи тӯлонии фалокати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир дар Афғонистон ҳастем, ки ин як манбаи хатар аст". - гуфт Станислав Зас, дабири кулли СААД.Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои толибон ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин кишвар паноҳгоҳи амне барои террористҳо нест.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо
https://sputnik.tj/20220217/smm-muboriza-terrorizm-himoyati-afghoniston-avruosiyo-1045996491.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/17/1032138717_304:0:3035:2048_1920x0_80_0_0_97e4e6d13a3e226c66e50f797c778cf7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон дииш, амрико, нигаронӣ, ҳамла, толибҳо
афғонистон дииш, амрико, нигаронӣ, ҳамла, толибҳо
Амрико: ДИИШ* дар бахшҳое аз Афғонистон ҳузури фаъол дорад
16:15 18.02.2022 (Навсозишуда: 20:15 18.02.2022) Толибоҳо ин гуфтаҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, ин кишвар паноҳгоҳи амн барои террористон нест
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Кеннет Фрэнк Маккензи, фармондеҳи марказии Амрико аз талошҳои бахши хуросонии ДИИШ* барои ҷалби мухолифони толибҳо изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, тибқи малумоти ҷадиди Пентагон, гурӯҳҳои террористие ба мисли ДИИШ* дар Афғонистон ҳамчунон фаъоланд, иттилоъ додааст Sputnik Афғнистон дар истинод ба "TOLOnews".
Арзёбиҳои ахири Вазорати дифои Амрико нишон медиҳад, ки ДИИШ* дар Афғонистон ҳузур дорад ва бахши хуросонии ин гурӯҳ дар пайи ҷалби мухолифони норозӣ аз низоми толибон аст.
Пентагон аз он нигарон аст, ки ҳадафи асосии ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам нақшаи ҳамла ба Ғарб, бахусус ба Иёлоти Муттаҳида аст.
“Он чизе ки мо дар минтақаҳои Афғонистон мебинем, зери назорати ҳукумат нестанд. ДИИШ* ба таври анъанавӣ густариш меёбад ва ман фикр мекунам, ки дар он хатаре вуҷуд дорад. Мо медонем, ки ДИИШ* таҳдиди воқеӣ мебошад. Ин гурӯҳ мехоҳад ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳамсоягони мо дар Аврупо ва дигар минтақаҳо ҳамла кунад, аз ин рӯ ман аз он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, нигаронам”, - гуфт генерали амрикоӣ.
Майкл Волтз, узви Конгресси Амрико гуфт: "Мо гузоришҳои истихборотӣ дарёфт кардем, ки "Ал-қоида"* ва ДИИШ* ҳар ду дар пайи ҳамла ба Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб ҳастанду онҳо барои афзоиши тавонмандии худ ҳама корро мекунанд" .
Дар ҳамин ҳол дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал фаъолияти ДИИШ ва “Ал-қоида”* дар Афғонистонро на танҳо барои кишварҳои ҳамсоя, балки хатари ҷиддӣ барои минтақа донист.
"Мо ба сарҳадҳои ҷанубии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунем, мо шоҳиди як давраи тӯлонии фалокати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир дар Афғонистон ҳастем, ки ин як манбаи хатар аст". - гуфт Станислав Зас, дабири кулли СААД.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои толибон ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин кишвар паноҳгоҳи амне барои террористҳо нест.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо