Ширкати машҳури букмекерӣ дар ИДМ пуштибони дастаи футболи “Хатлон” шуд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе маросими ба имзорасонии созишномаи шарикӣ миёни ширкати букмекерии “Париматч Тоҷикистон” ва дастаи футболи “Хатлон” сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Созишномаи шарикиро роҳбари ширкати “Париматч Тоҷикистон” Алексей Вагин ва раиси дастаи “Хатлон” Исроил Шарипов ба имзо расонданд, иттлоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи иттилои манбаъ, шартномаи шарикӣ ба муддати як сол бо имкони тамдид баста шуд.
Алексей Вагин гуфт, ширкати “Париматч”, ки пуштибони воқеии варзиши тоҷик аст, ифтихор дорад, ки шарики яке аз беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон —“Хатлон” гардид.
Вай гуфт, “Хатлон” солҳои охир дар мусобиқаҳои дохилӣ натиҷаҳои хуб нишон медиҳад.

“Бовар дорем, ки “Хатлон” минбаъд низ бо бозии худ мухлисони бешумори тоҷикро шод хоҳад кард ва мехоҳем, ба ин даста дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш мусоидат намоем”, - гуфт роҳбари ширкати “Париматч Тоҷикистон”.

Ҳамзамон дар маросими баимзорасонии созишнома таъкид шуд, ки ҳамкорӣ ҳам ба нуфузи даста ва ҳам ба дастовардҳои варзишии он таъсири мусбат мерасонад.
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Дастаи футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА боло рафт
Таърихи дастаи футболи “Хатлон” аз солҳои дури 1960 оғоз шудааст. Даста дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад карда, барои ҷойҳои аввал мубориза мебарад.
Дар Тоҷикистон тамғаи “Parimatch” дар рушди варзиш фаъолона ширкат меварзад ва аз 12 августи соли 2020 инҷониб шарики расмии беттингии ҷом ва суперҷом, инчунин Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Соли 2021 дастаи футболи "Истиқлол" шарики расмии "Париматч Тоҷикистон" буд.
“Parimatch” яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо, дастаҳои пешрафта ва MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0