Шаҳрдории Душанбе боз 30 автобуси AKIA ворид мекунад

© AKIA AVESTOДвухэтажный автобус в Душанбе (проект)
Двухэтажный автобус в Душанбе (проект) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе аз пешрафти нақлиёти мусофиркашонӣ гуфт ва қайд кард, ки ба наздикӣ ба пойтахт боз 30 автобуси тамғаи AKIA ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки соли 2021, тибқи шартномаи баимзорасида, 10 адад автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи AKIA-и 8-метрӣ аз ширкати муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон харидорӣ гардид.
“То инҷониб 10 автобуси дуошёна ва 20 адад автобуси мусофиркаш мавриди истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифтаанд. Ҳоло 30 адад автобуси боқимондаи тамғаи AKIA дар ширкати мазкур бандубаст гардида истодаанд”, - қайд кардааст Ҷамшед Табарзода .
Мошинҳои додаи Чин ба ҳукумати Душанбе ба ҳайси кумак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Аз мусофирбарӣ то партовкашию обпошӣ: Раиси Душанбе қариб 500 мошин аз Чинро қабул кард
Инчунин муовини якуми Рустами Эмомалӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро пурра аз тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе афзуд, дар доираи ҳамкории судманди миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб мешавад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км идома доранд.
Инчунин барои мукаммалгардонии парки техникии корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоту воситаҳои муосир дар асоси созишнома бо Ҳукумати Чин дар соли 2021 ба пойтахт 466 адад техникаи коммуналӣ оварда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0