https://sputnik.tj/20220217/prokuraturai-sugd-mansabdor-parvandai-jinoi-1045967647.html
Прокуратураи Суғд алайҳи якчанд мансабдор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
Прокуратураи Суғд алайҳи якчанд мансабдор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи вилояти Суғд хабар додааст, ки вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин 80 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст
2022-02-17T14:40+0500
2022-02-17T14:40+0500
2022-02-17T21:10+0500
дар тоҷикистон
прокуратура
парвандаи ҷиноӣ
фурӯши қитъаҳои замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045966179_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_211dd75a4a091f3aecccc36753059d9d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Масъулини прокуратураи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар доданд, ки соли гузашта вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин дар вилоят 80 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.Тибқи иттилои прокуратура, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилоят: Панҷакент 22, Истаравшан 13, Ашт 9, Хуҷанд 8, Деваштич 7, Спитамен ва Конибодом, ҳар яке 2-тоӣ, Б. Ғафуров, Исфара, Мастчоҳ ва Айнӣ яктоӣ парванда боз шудааст.Прокуратура қайд кардааст, ки нисбати 4 нафар аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ парванда оғоз шудааст.“Ҳамчунин нисбати як нафар корманди Кумитаи замин, 23 нафар корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 15 нафар масъулини ҷамоатҳои деҳот, се нафар масъулини соҳаи маориф ва нуҳ раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва гирифтани пора боз шудааст”, - таъкид кардаанд масъулини прокуратура.Гуфта шудааст, ки дар маҷмуъ 5506,53 га заминҳо худсарона ишғолгардида ё ғайриқонунӣ мавриди истифода қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд, ки аз ин 45 га заминҳои зери сохтмони иморат, иншоот ва 5461 га заминҳои ғайриқонунӣ ҷудо ва вобасташуда мебошанд.
https://sputnik.tj/20220215/kormand-agenti-hazor-somoni-pora-shabaka-barq-1045872929.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045966179_5:0:2736:2048_1920x0_80_0_0_c3157c111f99203b5a1d43cefc6cf54e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокуратура, парванда, ҷиноӣ, заминфурушӣ
тоҷикистон, прокуратура, парванда, ҷиноӣ, заминфурушӣ
Прокуратураи Суғд алайҳи якчанд мансабдор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
14:40 17.02.2022 (Навсозишуда: 21:10 17.02.2022) Прокуратураи вилояти Суғд хабар додааст, ки вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин 80 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Масъулини прокуратураи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар доданд, ки соли гузашта вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин дар вилоят 80 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Тибқи иттилои прокуратура, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилоят: Панҷакент 22, Истаравшан 13, Ашт 9, Хуҷанд 8, Деваштич 7, Спитамен ва Конибодом, ҳар яке 2-тоӣ, Б. Ғафуров, Исфара, Мастчоҳ ва Айнӣ яктоӣ парванда боз шудааст.
Прокуратура қайд кардааст, ки нисбати 4 нафар аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ парванда оғоз шудааст.
“Ҳамчунин нисбати як нафар корманди Кумитаи замин, 23 нафар корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 15 нафар масъулини ҷамоатҳои деҳот, се нафар масъулини соҳаи маориф ва нуҳ раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва гирифтани пора боз шудааст”, - таъкид кардаанд масъулини прокуратура.
Гуфта шудааст, ки дар маҷмуъ 5506,53 га заминҳо худсарона ишғолгардида ё ғайриқонунӣ мавриди истифода қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд, ки аз ин 45 га заминҳои зери сохтмони иморат, иншоот ва 5461 га заминҳои ғайриқонунӣ ҷудо ва вобасташуда мебошанд.