https://sputnik.tj/20220217/murojiati-khurosoni-mardumi-panjsher-khona-tark-navor-1045963771.html
Муроҷиати Хуросонӣ ба мардуми Панҷшер: Хонаҳоятонро тарк накунед - навор
Муроҷиати Хуросонӣ ба мардуми Панҷшер: Хонаҳоятонро тарк накунед - навор
Sputnik Тоҷикистон
Амири амниятии гурӯҳи толибон дар вилояти Панҷшер ба мардуми ин вилоят гуфтааст, ки хонаҳоятонро тарк накунед
2022-02-17T13:03+0500
2022-02-17T13:03+0500
2022-02-17T14:16+0500
афғонистон
панҷшер
толибон
хоҳиш
мардум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042598961_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_9e58ea3fad9f92fca557b4a714611d28.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Абдулҳамиди Хуросонӣ, амири амнияти толибон дар вилояти Панҷшер аз мардуми ин вилоят хоҳиш кардааст, ки хонаҳои худро тарк накунанд: "Аз хонаҳои худ берун нашавед. Чанд нафар “дузду ғоратгар, авбошону порахӯрон” торумор карда мешаванд.Хуросонӣ мегӯяд, шуморе аз мардуми саросема ва нигарон дар ҳол кӯчидан аз Панҷшеранд.Вай афзуд, мунофиқон дар кӯҳистон боиси нигаронии мардум шудаанд.Оқои Хуросонӣ бори дигар ба мардуми Панҷшер бо таъкид гуфт, ки муқовимат вуҷуд надорад.Ёдовар мешавем, ки дар чанд моҳи ахир беш аз се бор корвони нерӯҳои толибон, ки ба Ҳомиди Хуросонӣ тааллуқ дорад, ҳадафи ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қарор гирифт.Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, онҳо ҳеҷ ҳамлае ба сари Ҳамид Хуросонӣ анҷом надодаанд, балки баръакс ин ҳамлаҳо дасти кори худи толибҳост.
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042598961_50:0:881:623_1920x0_80_0_0_c22118a063b1a47d47801da5f49d6e9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, панҷшер, хуросонӣ, мардум, хоҳиш
афғонистон, панҷшер, хуросонӣ, мардум, хоҳиш
Муроҷиати Хуросонӣ ба мардуми Панҷшер: Хонаҳоятонро тарк накунед - навор
13:03 17.02.2022 (Навсозишуда: 14:16 17.02.2022) Амири амниятии гурӯҳи толибон дар вилояти Панҷшер ба мардуми ин вилоят гуфтааст, ки "хонаҳоятонро тарк накунед"
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Абдулҳамиди Хуросонӣ, амири амнияти толибон дар вилояти Панҷшер аз мардуми ин вилоят хоҳиш кардааст, ки хонаҳои худро тарк накунанд: "Аз хонаҳои худ берун нашавед. Чанд нафар “дузду ғоратгар, авбошону порахӯрон” торумор карда мешаванд.
Хуросонӣ мегӯяд, шуморе аз мардуми саросема ва нигарон дар ҳол кӯчидан аз Панҷшеранд.
Вай афзуд, мунофиқон дар кӯҳистон боиси нигаронии мардум шудаанд.
Оқои Хуросонӣ бори дигар ба мардуми Панҷшер бо таъкид гуфт, ки муқовимат вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд моҳи ахир беш аз се бор корвони нерӯҳои толибон, ки ба Ҳомиди Хуросонӣ тааллуқ дорад, ҳадафи ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, онҳо ҳеҷ ҳамлае ба сари Ҳамид Хуросонӣ анҷом надодаанд, балки баръакс ин ҳамлаҳо дасти кори худи толибҳост.