https://sputnik.tj/20220217/mahsuloti-shirkati-tojikiston-bozor-amoroti-muttahidai-arab-1045976118.html
Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд
Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз роҳ ёфтани маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Амороти муттаҳидаи Арабӣ эълон кард
2022-02-17T16:00+0500
2022-02-17T16:00+0500
2022-02-18T14:08+0500
дар тоҷикистон
бозор
маҳсулот
содирот
палатаи савдо ва саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758376_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_e3055849621e7311d7a60786b2f9fddf.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бори нахуст хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла маҳсули ширкати содироткунандаи “Зардолу ва К” ва маҳсулоти аз санг коркардшудаи ширкати “Асрори Санг” ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфт.Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, палатаи мазкур ҳамчун танзимгари миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонд.“Аз ҷумла дар заминаи ин намоишгоҳ ду корхонаи фавқуззикр имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти худро ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид созанд”, - гуфт ӯ.Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамзамон қайд кард, ки соли сипаригардида, тибқи дархости вазорату идораҳо, Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар ташкил ва баргузории 17 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки зиёда аз 900 нафар соҳибкори ватаниро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ таъмин намудааст.
https://sputnik.tj/20220131/afzoish-sodirot-mahsulot-kishovarzi-tojikiston-1045357355.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758376_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_e2ee2a2bc523fc5a7e40d72b9d7bfc4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, аморати муттаҳидаи араб, ширкат, роҳ ёфтан ба бозор, маҳсулот
тоҷикистон, аморати муттаҳидаи араб, ширкат, роҳ ёфтан ба бозор, маҳсулот
Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд
16:00 17.02.2022 (Навсозишуда: 14:08 18.02.2022) Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷҷикистон аз роҳ ёфтани маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бори нахуст хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла маҳсули ширкати содироткунандаи “Зардолу ва К” ва маҳсулоти аз санг коркардшудаи ширкати “Асрори Санг” ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфт.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, палатаи мазкур ҳамчун танзимгари миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонд.
“Аз ҷумла дар заминаи ин намоишгоҳ ду корхонаи фавқуззикр имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти худро ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид созанд”, - гуфт ӯ.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамзамон қайд кард, ки соли сипаригардида, тибқи дархости вазорату идораҳо, Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар ташкил ва баргузории 17 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки зиёда аз 900 нафар соҳибкори ватаниро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ таъмин намудааст.