Имзои чаҳор санади ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон

© Министерство труда и занятости РТТаджикистан и Узбекистан подписали 4 соглашения о сотрудничестве
Таджикистан и Узбекистан подписали 4 соглашения о сотрудничестве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон аз имзои чаҳор санад дар доираи сафари гӯрӯҳи корӣ ба Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раҳмонзода Абдулғаффор, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон чаҳор санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
Тибқи иттилои манбаъ, Ёддошти тафоҳум байни Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳусни нияти ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои назорати давлатии меҳнат ба имзо расид.
Делегация минтруда РТ посетила Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Абдуғаффор Раҳмонзода барои татбиқи санадҳои ҳамкорӣ ба Ӯзбекистон сафар кард
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, Эъломияи ҳусни ният дар бораи масъалаҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнат байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, Эъломияи ҳусни нияти ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳсилоти касбӣ ба имзо расонида шуд.
Гуфта шудааст, ки санадҳои мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расондаанд.
Таъкид шудааст, ки санадҳои имзошуда барои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Лентаи хабарҳо
0