https://sputnik.tj/20220216/zakhira-nohiya-dushanbe-ob-1045949930.html
Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе бе об мемонад
Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе бе об мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони аксар кӯчаву маҳаллаҳои ду ноҳияи Душанбе барои як шабонарӯз аз истифодаи оби нӯшокӣ маҳрум хоҳанд шуд
2022-02-16T20:05+0500
2022-02-16T20:05+0500
2022-02-18T14:04+0500
дар тоҷикистон
душанбе
иҷтимоъ
қатъи обрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032150464_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_82bad69925c15555be8771e2aab4e868.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об дар бархе аз манотиқи шаҳр хабар дод.Ба иттилои манбаъ, бо сабаби амалисозии корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоот дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт интиқоли об қатъ мегардад.Маҳдудияти интиқоли об аз соати 23:00-и 17 феврал то 24:00-и 18 феврал, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад.Ҳамин тариқ дар таърихи зикршуда дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкин, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод интиқоли обрасонӣ номунтазам мегардад.Ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ низ интиқоли об қатъ мегардад.Манбаъ аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаву маҳаллаҳои зикргардида зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки барои як шабонарӯз об захира кунанд.
https://sputnik.tj/20220212/narkh-ob-tojikiston-garon-davlatzoda-1045786947.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032150464_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_f47e3cd92aac3ba95766513f5fc8aebd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе об қатъ
Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе бе об мемонад
20:05 16.02.2022 (Навсозишуда: 14:04 18.02.2022) Сокинони аксари кӯчаву маҳаллаҳои ду ноҳияи Душанбе барои як шабонарӯз аз истифодаи оби нӯшокӣ маҳрум хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об дар бархе аз манотиқи шаҳр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби амалисозии корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоот дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт интиқоли об қатъ мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 23:00-и 17 феврал то 24:00-и 18 феврал, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад.
Ҳамин тариқ дар таърихи зикршуда дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкин, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод интиқоли обрасонӣ номунтазам мегардад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ низ интиқоли об қатъ мегардад.
Манбаъ аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаву маҳаллаҳои зикргардида зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки барои як шабонарӯз об захира кунанд.