https://sputnik.tj/20220216/tolib-neruho-marz-uzbekiston-1045929848.html
Оё толибҳо артиши 10-ҳазорнафарии худро ба марзи Ӯзбекистон ҳам мекашад?
Оё толибҳо артиши 10-ҳазорнафарии худро ба марзи Ӯзбекистон ҳам мекашад?
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки мақомоти нави Афғонистон ба вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 000 сарбоз мефиристанд
2022-02-16T14:00+0500
2022-02-16T14:00+0500
2022-02-16T18:25+0500
толибон
афғонистон
нерӯҳо
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
ӯзбекистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_0:88:2958:1751_1920x0_80_0_0_c3cbe955d657defd33c1f5ce3e9dd139.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати ягон воҳиди низомии мақомоти нави афғон дар марзи Ӯзбекистон мушоҳида намешавад. Қаблан расонаҳо бо истинод ба сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи толибҳо Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат хабар дода буданд, ки мақомоти нави Афғонистон ба вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо аслиҳа ва таҷҳизоти замонавӣ мефиристанд. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, гузориш дар бораи тамаркузи нерӯҳои низомӣ, ки ба раиси Ситоди толибҳо нисбат дода мешавад, асос надорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан сардори Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров гуфта буд, дар наздикии марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 лагери таълимӣ фаъолият мекунад, ки 5 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои гуногуни террористиро фаро мегиранд.Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия низ дар суҳбат бо ҳамтои бритониёияш Бен Уоллес гуфт, теъдоди ҷангиёни ДИИШ* дар минтақа ду баробар зиёд шудааст. Шойгу аз он изҳори нигаронӣ кард, ки террористҳо аз силоҳи мондаи нерӯҳои ғарбӣ истифода мекунанд, ки арзишаш ҳудуди 80 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳоАвоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.Қобили зикр аст, ки аз 33 намояндаи нави ҳукумати Афғонистон 17 нафари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии СММ қарор доранд.Ҳамакнун наздики шаш моҳ мешавад, ки толибҳо қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархе аз кишваҳои қудратманд шартҳои эътирофи толибҳоро, ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон гуфтанд, ки то кунун аз ҷониби ҳукумати ҷадиди Афғонистон иҷро нашудааст.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20220214/qori-fasehuddin-hazornafari-shimoli-afghoniston-1045821931.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_51:0:2679:1971_1920x0_80_0_0_ae1e4959c5d49cbc89b4369286fa11fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибҳо, нерӯҳо, марз, ӯзбекистон
толибҳо, нерӯҳо, марз, ӯзбекистон
Оё толибҳо артиши 10-ҳазорнафарии худро ба марзи Ӯзбекистон ҳам мекашад?
14:00 16.02.2022 (Навсозишуда: 18:25 16.02.2022) Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки мақомоти нави Афғонистон ба вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 000 сарбоз мефиристанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати ягон воҳиди низомии мақомоти нави афғон дар марзи Ӯзбекистон мушоҳида намешавад.
"Кашидани нерӯҳои афғон ба марзҳои Ӯзбекистон мушоҳида намешавад", - гуфтааст як манбаъ дар доираҳои расмии Тошканд ба хабаргузории РИА "Новости".
Қаблан расонаҳо бо истинод ба сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи толибҳо Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат хабар дода буданд, ки мақомоти нави Афғонистон ба вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо аслиҳа ва таҷҳизоти замонавӣ мефиристанд.
Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, гузориш дар бораи тамаркузи нерӯҳои низомӣ, ки ба раиси Ситоди толибҳо нисбат дода мешавад, асос надорад.
"Ҳанӯз моҳи декабр толибҳо хабар дода буданд, ки Фитрат саҳифааш дар "Twitter"-ро, ки дар он ҷо ин хабар нашр шудааст (дар бораи тамаркузи низомиҳо - шарҳ аз идора) нигоҳ намедорад", - афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан сардори Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров гуфта буд, дар наздикии марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 лагери таълимӣ фаъолият мекунад, ки 5 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои гуногуни террористиро фаро мегиранд.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия низ дар суҳбат бо ҳамтои бритониёияш Бен Уоллес гуфт, теъдоди ҷангиёни ДИИШ* дар минтақа ду баробар зиёд шудааст. Шойгу аз он изҳори нигаронӣ кард, ки террористҳо аз силоҳи мондаи нерӯҳои ғарбӣ истифода мекунанд, ки арзишаш ҳудуди 80 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 33 намояндаи нави ҳукумати Афғонистон 17 нафари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии СММ қарор доранд.
Ҳамакнун наздики шаш моҳ мешавад, ки толибҳо қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархе аз кишваҳои қудратманд шартҳои эътирофи толибҳоро, ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон гуфтанд, ки то кунун аз ҷониби ҳукумати ҷадиди Афғонистон иҷро нашудааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар