Собирӣ: Абурайҳони Берунӣ ифтихори мардуми Эрону Тоҷикистон аст

© Sputnik Муҳаммадтакии Собири, посол Ирана в Таджикистане
Муҳаммадтакии Собири, посол Ирана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, Абурайҳон Берунӣ донишманде барои тамоми асрҳо аст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, нубуғи Абурайҳони Берунӣ ба андозае аст, ки ҳатто дар давраи муосир аз бахше аз кашфиёти вай парда бармедоранд.
Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Абурайҳон Берунӣ, мутафаккири бузурги Машриқзамин” гуфт, накӯдошти шоистаи бузургмардони арсаи илму маориф ва такриму таҷлил аз андешмандони Эронзамин, ки ҳар кадом аз онон чун хуршеде бар торикии осмони фарҳангу илми ҷаҳон медурахшад, ифтихори бузург барои мо, эрониёну тоҷикон ва ҳамаи дӯстдорони маърифату илм дар тамомии аъсор ва дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст.
Бояд гуфт, дар Душанбе ба муносибати ҳазору панҷоҳумин соли таваллуди Абурайҳони Берунӣ, ҳакими бузург бо ҳузури муҳаққиқону пажуҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ ҳамоиши илмии байналмилалӣ таҳти унвони “Абурайҳон Берунӣ, мутафаккири бузурги Машриқзамин” баргузор шуд.
Собирӣ: Ҳеҷ кишваре ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад
Сафири Эрон қайд кард, ки ин ҳакими бузург яке аз чеҳраҳои баромада аз даврони дурахшони тамаддуни эронӣ - исломӣ дар қарни чаҳоруму панҷуми ҳиҷрии қамарӣ аст .

“Абурайҳони Берунӣ дар шаҳривари соли 352-и хуршедӣ чашм ба ҷаҳон гушуд ва ба ҳамин муносибат рӯзи 4 сентябр ба поси хадамоти арзандаи ин донишманди воломақом дар тақвими расмии Эрон ба номи Рӯзи бузургдошти Абурайҳони Берунӣ номгузорӣ шудааст”, -гуфт ӯ.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуд, ки Абурайҳони Берунӣ яке аз уламои ҷомеи тамаддуни исломӣ аст ва намешавад, вайро ҳатто ба чанд риштаи илмӣ маҳдуд кард.
Муҳаммадтақии Собирӣ таъкид кард кард, ки Абурайҳони Берунӣ танҳо ба гуфтаҳову навиштаҳои донишмандони пеш аз худ басанда накардаву борҳо назарияҳои донишмандони пеш аз худ, бавижа Арастуро ба чолиш кашидааст.
“Вай нахустин донишманди эронӣ аст, ки дар ҳамаи навиштаҳои худ ба пешинаи таърихӣ ва муқоисаи назарҳои донишмандони пеш аз худ дар он мавзуъ пардохтааст”, - гуфт сафир.
Собирӣ изҳор дошт, ки бо ибтикори Эрон ва Тоҷикистон дар нишасти 11 ноябри 2021 комиссиюни ЮНЕСКО бо тасвиби аъзо “Ҳазору панҷоҳумин соли таваллуди Абурайҳони Берунӣ “ дар феҳристи ҷаҳонии накӯдоштҳои ЮНЕСКО барои бозаи 2022-2023 қарор гирифт.
Дар ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ паёмҳои тасвирии донишмандону пажуҳишгарони номии Эрон, аз ҷумла Ҳаддоди Одил, Маҳдии Муҳаққиқ, Ҳасани Балхорӣ ва Абдулмаҳди Мустакин пахш шуд, ки мавриди истиқболи гарми ширкаткунандагон қарор гирифтанд.
Ҳамчунин теъдоде аз муҳаққиқини дохилӣ ва хориҷӣ низ дар ин ҳамоиш дар мавриди абъоди мухталифи осори ҳаким Абурайҳони Берунӣ суханронӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0