https://sputnik.tj/20220216/rusiya-muhojiron-tezu-tund-1045943845.html
Кумитаи тафтишотии Русия: Ҷиноёти муҳоҷирон дар ҳоли вахим шудан аст
Кумитаи тафтишотии Русия: Ҷиноёти муҳоҷирон дар ҳоли вахим шудан аст
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони интизомии Русия беш аз пеш далелҳои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро дар байни муҳоҷирон сабт мекунанд
2022-02-16T18:35+0500
2022-02-16T18:35+0500
2022-02-21T14:31+0500
муҳоҷират
дар русия
афзун гаштани ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/01/1030780127_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_d9c21e0b2e6406a76eeff12283b9d04f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон боиси ташаннуҷи вазъ дар ҷомеа мегардад. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст. Раёсат қайд карда, ки вақтҳои охир мавзуи ҷиноятҳои муҳоҷирон вахим шудааст. Миёни муҳоҷирон ҳодисаҳои дағалона вайрон кардани тартиботи чамъиятӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Хориҷиён дар задухӯрдҳои оммавӣ, ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ширкат мекунанд, афзуд хадамоти матбуотӣ. Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия барои ошкор кардан ва тафтиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин дар соҳаи муҳоҷират кори мунтазам ташкил кардааст. Ҷиноятҳои пурсарусадоеро, ки зодагони Тоҷикистон дар Истраи вилояти Маскав содир кардаанд, ёдовар мешавем. Шоми 8 феврал чаҳор муҳоҷир ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, фурӯшандаро латукӯб карданд.Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ғоратгарон дар давоми чанд соат дар деҳаи Чесноково, дар ҳудуди ноҳияи Истра дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд. Қаблан додситони Маскав Денис Попов пешниҳод карда буд, ки алайҳи ҷинояти муҳоҷирони корӣ тавассути сабти геномӣ дар сатҳи қонунгузорӣ мубориза барад. Вай иддао дорад, муҳоҷироне, ки қонуншиканӣ кардаанд, ба навъе пас аз ихроҷ ба Русия бармегарданд. Онҳо бо шиносномаҳои нав меоянд, ки онҳоро пайгирӣ кардан мумкин нест.Ба андешаи ӯ, танҳо сабти номи геномии ҳамаи муҳоҷирони кории воридшуда метавонад ин вазъро тағйир диҳад.
https://sputnik.tj/20220209/afvi-besh-muhojir-tojik-vazir-dokhil-1045656877.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/01/1030780127_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_b5865c00ea1aa4105f3a72cf309db72c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, ҷиноят,
Кумитаи тафтишотии Русия: Ҷиноёти муҳоҷирон дар ҳоли вахим шудан аст
18:35 16.02.2022 (Навсозишуда: 14:31 21.02.2022) Кормандони интизомии Русия беш аз пеш далелҳои дағалонаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро дар байни муҳоҷирон сабт мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон боиси ташаннуҷи вазъ дар ҷомеа мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст. Раёсат қайд карда, ки вақтҳои охир мавзуи ҷиноятҳои муҳоҷирон вахим шудааст.
"Ин на танҳо ба пойтахт, балки ба шаҳрҳои дигар низ дахл дорад", - шарҳ дод Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия.
Миёни муҳоҷирон ҳодисаҳои дағалона вайрон кардани тартиботи чамъиятӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Хориҷиён дар задухӯрдҳои оммавӣ, ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ширкат мекунанд, афзуд хадамоти матбуотӣ.
Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия барои ошкор кардан ва тафтиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин дар соҳаи муҳоҷират кори мунтазам ташкил кардааст.
Ҷиноятҳои пурсарусадоеро, ки зодагони Тоҷикистон дар Истраи вилояти Маскав содир кардаанд, ёдовар мешавем.
Шоми 8 феврал чаҳор муҳоҷир ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, фурӯшандаро латукӯб карданд.
Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ғоратгарон дар давоми чанд соат дар деҳаи Чесноково, дар ҳудуди ноҳияи Истра дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд.
Қаблан додситони Маскав Денис Попов пешниҳод карда буд, ки алайҳи ҷинояти муҳоҷирони корӣ тавассути сабти геномӣ дар сатҳи қонунгузорӣ мубориза барад.
Вай иддао дорад, муҳоҷироне, ки қонуншиканӣ кардаанд, ба навъе пас аз ихроҷ ба Русия бармегарданд. Онҳо бо шиносномаҳои нав меоянд, ки онҳоро пайгирӣ кардан мумкин нест.
Ба андешаи ӯ, танҳо сабти номи геномии ҳамаи муҳоҷирони кории воридшуда метавонад ин вазъро тағйир диҳад.