https://sputnik.tj/20220216/koronavirus-laghv-bozi-tajikistan-makedoniya-shimoli-1045917078.html
Коронавирус боиси лағви бозии тимҳои Тоҷикистон ва Македонияи Шимолӣ шуд
Коронавирус боиси лағви бозии тимҳои Тоҷикистон ва Македонияи Шимолӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бозии тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Македонияи шимолӣ, ки дар доираи тамринот дар Туркия дар назар буд, лағв гардид
2022-02-16T11:35+0500
2022-02-16T11:35+0500
2022-02-16T16:30+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
туркия
македония
бозӣ
лағв
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/52/1027625283_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_bad6e1b0c2b2257b92770bdb7f6afb45.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон далели лағви бозии мунтахаби ҷавонони то 20-солаи кишвар бо ҳамтоёнаш аз Македонияи Шимолиро гирифторӣ ба коронавирус гуфт. Ба иттилои ФФТ, тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) феълан дар машқҳо дар Туркия қарор дошта, дар маҷмаи варзишии "Арслан Зеки Демирчи"-и Сиде тамрин мекунад. Манбаъ зикр кард, ки дар доираи машқҳо рӯзи 16 феврал бозӣ бо Македонияи Шимолӣ дар назар буд, ки баргузор намешавад. Интизор меравад, ки ба ҷои македониҳо тими Тоҷикистон рӯзи 16 феврал бо бозигарони тими даниягии "Фрем" вориди майдон шавад. Дар баробари ин бозии дастаи Тоҷикистон бо бозигарони тимҳои русиягӣ - "Чертаново", "Криля Советов" ва дастаи мизбон - Туркия дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220215/navor-lahza-jolib-golboron-tajikistan-afghanistan-video-1045902432.html
македония
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/52/1027625283_67:0:1054:740_1920x0_80_0_0_28639b424bd40d56c39589e5d6a02af6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, бозӣ, тим, македония, коронавирус, тоҷикистон
лағв, бозӣ, тим, македония, коронавирус, тоҷикистон
Коронавирус боиси лағви бозии тимҳои Тоҷикистон ва Македонияи Шимолӣ шуд
11:35 16.02.2022 (Навсозишуда: 16:30 16.02.2022) Баргузории бозии тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Македонияи Шимолӣ, ки дар доираи тамринот дар Туркия дар назар буд, лағв гардид
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон далели лағви бозии мунтахаби ҷавонони то 20-солаи кишвар бо ҳамтоёнаш аз Македонияи Шимолиро гирифторӣ ба коронавирус гуфт.
Ба иттилои ФФТ, тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) феълан дар машқҳо дар Туркия қарор дошта, дар маҷмаи варзишии "Арслан Зеки Демирчи"-и Сиде тамрин мекунад.
Манбаъ зикр кард, ки дар доираи машқҳо рӯзи 16 феврал бозӣ бо Македонияи Шимолӣ дар назар буд, ки баргузор намешавад.
"Сабаби чунин тасмим ташхиси мусбати коронавирус миёни чанд бозигари Македонияи Шимолӣ мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, ки ба ҷои македониҳо тими Тоҷикистон рӯзи 16 феврал бо бозигарони тими даниягии "Фрем" вориди майдон шавад.
Дар баробари ин бозии дастаи Тоҷикистон бо бозигарони тимҳои русиягӣ - "Чертаново", "Криля Советов" ва дастаи мизбон - Туркия дар назар аст.