https://sputnik.tj/20220216/giriftori-koronavirus-tojikiston-omori-vazorat-1045916177.html
Се ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат
Се ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии кишвар боз аз се ҳолати гирифтори ба коронавирус хабар дод
2022-02-16T11:00+0500
2022-02-16T11:00+0500
2022-02-16T15:52+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
коронавирус
вазорат
омор
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031897724_0:0:3017:1697_1920x0_80_0_0_4901162ed529beef8dd2610173dd6fa6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шабонарӯзи охир се нафар гирифтор шудаанду 8 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфтаанд.Ба иттилои манбаъ, аз оғози пандемияи корона дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 385 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд, ки ҳудуди 99,2% ё худ 17249 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди кулли фавтидагон аз ин беморӣ расман 124 нафар гуфта мешавад.Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Баъди чанд моҳи сабт нашудани гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон мақомоти тандурустии кишвар 21 январ аз бозгашти ин беморӣ хабар доданд.Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Тоҷикистон, ҳолатҳои ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар майли поинравӣ дорад. Дар мавҷи сеюм ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.Дар ҳамин ҳол масъулин беҳтарину муътамадтарин роҳи ҳимоя аз коронавирусро ваксинагирӣ мегӯянд. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ҳудуди 80 дарсади сокинон ваксина гирифта, ин раванд идома дорад.Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" истифода бурда мешавад.Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт. Аммо масъулини Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳанд, ки ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҷумҳурӣ аз кадом навъанд. Қаблан масъулини беҳдошт изҳор дошта буданд, ки таҷҳизот барои муайян кардани штамми омикронро надоранд.
https://sputnik.tj/20220208/karantin-omikron-befoida-1045650386.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031897724_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_3e1274fbac55e55a04cd2c4f5652f6d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, омор, вазорати тандурурстӣ, гирифторӣ
тоҷикистон, коронавирус, омор, вазорати тандурурстӣ, гирифторӣ
Се ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат
11:00 16.02.2022 (Навсозишуда: 15:52 16.02.2022) Вазорати тандурустии кишвар боз аз се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шабонарӯзи охир се нафар гирифтор шудаанду 8 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз оғози пандемияи корона дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 385 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд, ки ҳудуди 99,2% ё худ 17249 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди кулли фавтидагон аз ин беморӣ расман 124 нафар гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Баъди чанд моҳи сабт нашудани гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон мақомоти тандурустии кишвар 21 январ аз бозгашти ин беморӣ хабар доданд.
Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Тоҷикистон, ҳолатҳои ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар майли поинравӣ дорад. Дар мавҷи сеюм ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол масъулин беҳтарину муътамадтарин роҳи ҳимоя аз коронавирусро ваксинагирӣ мегӯянд. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ҳудуди 80 дарсади сокинон ваксина гирифта, ин раванд идома дорад.
Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" истифода бурда мешавад.
Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт. Аммо масъулини Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳанд, ки ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҷумҳурӣ аз кадом навъанд. Қаблан масъулини беҳдошт изҳор дошта буданд, ки таҷҳизот барои муайян кардани штамми омикронро надоранд.