https://sputnik.tj/20220216/du-hazor-omuzgor-sugd-muhojirat-mehnati-raftand-1045923058.html
Беш аз ду ҳазор омӯзгори Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд
Беш аз ду ҳазор омӯзгори Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд дар соли гузашта аз се ҳазору 754 омӯзгори Суғд , 2 ҳозору 303 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд
2022-02-16T12:50+0500
2022-02-16T12:50+0500
2022-02-16T17:50+0500
дар тоҷикистон
суғд
муҳоҷират
омӯзгор
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_a656ea96aecf8dba5a5b970b0b4a604c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз се ҳазору 754 нафар омӯзгори ин вилоят ду ҳазору 303 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.Ҳамчунин 185 омӯзгор бо сабаби ба кор рафтан дар дигар соҳа, 362 нафар бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан, 54 нафар бо сабаби фавт, 616 нафар бо хоҳиши худ, 126 нафар бинобар иваз кардани ҷои зист ва дигар сабабҳо тарки касб намудаанд.Дар маҷмуъ шумори омӯзгорони вилоят 39 ҳазору 523 нафар буда, 26 ҳазору 516 нафари онҳо зан мебошанд.Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ба 708 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии вилоят ниёз дорад.Ба иттилои манбаъ, дар соли таҳсили 2021-2022 1100 нафар аз форуғаттаҳсилони гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят барои ба ҷойи кор таъмин шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят роҳхат гирифтанд.Аз ин миқдор 845 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷои кор ҳозир шудаанд, ки ин нишондиҳанда 76,8 дарсади шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил менамояд.Раёсати маорифи Суғд инчунин қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кадрҳои педагогӣ таъмин буда, аз онҳо 278 нафарашон мудир, 15 нафар сармураббӣ, 2006 нафар мураббӣ, 200 нафар омӯзгорони дигар фунун мебошанд ва 1433 нафарашон маълумоти олӣ, 243 нафар олии нопурра, 1 ҳазор 329 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.Ҳамзамон дар нишаст қайд карда шуд, ки дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муасссаи тасилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатанд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20220131/omuzgor-khatlon-muhojirat-1045347432.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_fb087b8d784aefb51637a83cbadd14b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, омӯзгорон, муаллимон, суғд, муҳоҷирати меҳнатӣ
тоҷикистон, муҳоҷират, омӯзгорон, муаллимон, суғд, муҳоҷирати меҳнатӣ
Беш аз ду ҳазор омӯзгори Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд
12:50 16.02.2022 (Навсозишуда: 17:50 16.02.2022) Ду ҳазору 303 нафар аз се ҳазору 754 омӯзгори Суғд, ки тарки касб кардаанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз се ҳазору 754 нафар омӯзгори ин вилоят ду ҳазору 303 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Ҳамчунин 185 омӯзгор бо сабаби ба кор рафтан дар дигар соҳа, 362 нафар бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан, 54 нафар бо сабаби фавт, 616 нафар бо хоҳиши худ, 126 нафар бинобар иваз кардани ҷои зист ва дигар сабабҳо тарки касб намудаанд.
Дар маҷмуъ шумори омӯзгорони вилоят 39 ҳазору 523 нафар буда, 26 ҳазору 516 нафари онҳо зан мебошанд.
Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ба 708 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии вилоят ниёз дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар соли таҳсили 2021-2022 1100 нафар аз форуғаттаҳсилони гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят барои ба ҷойи кор таъмин шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят роҳхат гирифтанд.
Аз ин миқдор 845 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷои кор ҳозир шудаанд, ки ин нишондиҳанда 76,8 дарсади шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил менамояд.
Раёсати маорифи Суғд инчунин қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кадрҳои педагогӣ таъмин буда, аз онҳо 278 нафарашон мудир, 15 нафар сармураббӣ, 2006 нафар мураббӣ, 200 нафар омӯзгорони дигар фунун мебошанд ва 1433 нафарашон маълумоти олӣ, 243 нафар олии нопурра, 1 ҳазор 329 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.
Ҳамзамон дар нишаст қайд карда шуд, ки дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муасссаи тасилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатанд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад.