Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Штайнмайер

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ҳамтои олмониашро ба муносибати бори дигар интихоб шудани ӯ ба ҳайси президент муборакбод гуфт
ДУШАНБЕ, 14 фев - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ӯ дар номаи табрикотии худ аз муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.
"Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем", - омадааст дар номаи табрикотӣ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки бо ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити кишварҳо мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
"Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод", - гуфтааст президенти Тоҷикистон.
Дар охири номаи табрикотӣ президенти Тоҷикистон дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав таманно кардааст.
Лентаи хабарҳо
0