Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Имкони зиндамонӣ нест: дар кадом ҳолат омикрон бо марг анҷом меёбад

© Pixabay/SamuelFrancisJohnsonГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Пизишк гуфт, дар кадом ҳолатҳо гирифторӣ бо штамми нави COVID-19 метавонад марговар бошад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Штамми омикрони коронавирус метавонад боиси осеби мағзи сар гардад.
Дар ин бора дар суҳбат бо рӯзномаи "Вечерний Москва" вирусшинос Максим Шеленков изҳор дошт. Ба гуфтаи коршинос, сирояти системаи асаб ба чунин оқибатҳо оварда мерасонад.
Ин дар 80% ҳолатҳо тӯфони ситокинро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, зарраҳои вирусӣ ва илтиҳобӣ метавонанд ба мағзи сар осеб расонанд ва боиси бемориҳои гуногун шаванд.
Духтур гуфт, ҳолате, ки нейроковид ном дорад, дар якчанд марҳила рух медиҳад. Дар аввал одам ҳисси бӯй ва таъмро гум мекунад, баъдан сатҳи изтироб баланд мешавад, ҳамлаҳои ваҳшатангез пайдо мешаванд ва депрессия ба вуҷуд меояд.
Марҳилаи сеюм бо ихтилоли равонӣ, сустшавии тафаккур, диққат ва эҳсосот тавсиф мешавад.
"Омикрон, ки ба таври сабук мегузарад, низ метавонад ба пайдоиши тӯфони ситокинӣ оварда расонад", - гуфт Шеленко.
Вай қайд кард, ки штамми нави коронавирус ба системаи асаб таъсири қавӣ дошта, кори онро бадтар мекунад.
Врач осматривает ребенка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Табиб хатари марговари штамми омикрон барои кӯдаконро гуфт
Аммо, ин таъсирҳо метавонанд новобаста аз штамми мушаххаси COVID-19 рух диҳанд. Марҳилаи аввали нейроковид аксар вақт дар нишонаҳои ибтидоии коронавирус рух медиҳад.
Боқимондаҳо дар давраи пас аз ковид, 2-3 моҳ пас аз халос шудан аз сироят пайдо мешаванд.
Роҳи ғайриоддии эмин мондан аз гирифтории дубора ба COVID маълум шуд
Дар суҳбат бо "Вечерняя Москва" мутахассис маслиҳат дод, ки пас аз шифо ёфтан аз сироят бояд аз муоинаи духтур гузашт.
Лентаи хабарҳо
0