https://sputnik.tj/20220214/barguzorii-ruzhoi-farhangi-tojikiston-eron-1045851103.html
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон эълон кард, ки Тоҷикистон муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эъзом мекунад
2022-02-14T20:10+0500
2022-02-14T20:10+0500
2022-02-15T12:00+0500
дар тоҷикистон
эрон
фарҳанг
осиё
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки Душанбе муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Эрон эъзом мекунад, баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро матраҳ кард.Сафири Тоҷикистон дар Эрон ва ду гурӯҳи ҳунарии намоишҳои "Фирдавсӣ" ва "Лаъли Бадахшон" аз Тоҷикистон, ки барои ширкат дар чиҳилумин Ҷашнвораи байналмиллалии театрии "Фаҷр" ба Эрон сафар карда буданд, зимни ҳузур дар Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси ин созмон дидору гуфтугӯ карданд.Зоҳидӣ дар ин дидор гуфт, ки бо иқдомоти муштараки ду кишвар зарфиятҳои мавҷуд ҷиҳати тавсеи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди эҳтимом дар оянда низ мавриди истифодаи самарабахш қарор хоҳанд гирифт.Имонипур низ дар ин дидор гуфт, равобити Эрону Тоҷикистон дерина аст ва таомулоти фарҳангӣ ҳамвора барои Эрон аҳамияти бисёре дорад.Раиси Сомзони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ ибрози умедворӣ кард, ки табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни Эрону Тоҷикистон идома ёбад, то аз тариқи он равобити хубе рақам бихӯрад.
https://sputnik.tj/20220211/muhriddin-ravobiti-tojikiston-eron-gustarish-meyobad-1045754786.html
эрон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, рӯзҳои фарҳанг
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, рӯзҳои фарҳанг
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
20:10 14.02.2022 (Навсозишуда: 12:00 15.02.2022) Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон эълон кард, ки Душанбе муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эъзом мекунад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки Душанбе муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Эрон эъзом мекунад, баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро матраҳ кард.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон ва ду гурӯҳи ҳунарии намоишҳои "Фирдавсӣ" ва "Лаъли Бадахшон" аз Тоҷикистон, ки барои ширкат дар чиҳилумин Ҷашнвораи байналмиллалии театрии "Фаҷр" ба Эрон сафар карда буданд, зимни ҳузур дар Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси ин созмон дидору гуфтугӯ карданд.
Зоҳидӣ дар ин дидор гуфт, ки бо иқдомоти муштараки ду кишвар зарфиятҳои мавҷуд ҷиҳати тавсеи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди эҳтимом дар оянда низ мавриди истифодаи самарабахш қарор хоҳанд гирифт.
Имонипур низ дар ин дидор гуфт, равобити Эрону Тоҷикистон дерина аст ва таомулоти фарҳангӣ ҳамвора барои Эрон аҳамияти бисёре дорад.
Раиси Сомзони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ ибрози умедворӣ кард, ки табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни Эрону Тоҷикистон идома ёбад, то аз тариқи он равобити хубе рақам бихӯрад.