https://sputnik.tj/20220213/tehron-maqomoti-afghoniston-daftar-tashkilote-nakhohand-dosht-1045816014.html
Теҳрон: Мақомоти пешини Афғонистон дар Эрон ҳеҷ дафтар ё ташкилоте нахоҳанд дошт
Теҳрон: Мақомоти пешини Афғонистон дар Эрон ҳеҷ дафтар ё ташкилоте нахоҳанд дошт
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сафири Эрон дар Кобул иддао кардааст, ки намояндагони мақомоти пешини Афғонистон, ки ҳоло дар қаламрави Эрон зиндагӣ мекунанд дар ин кишвар ҳеҷ дафтар ва ташкилоте нахоҳанд дошт
2022-02-13T19:50+0500
2022-02-13T19:50+0500
2022-02-14T20:54+0500
дар тоҷикистон
кобул
афғонистон
толибон
дафтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/74/1026157415_0:0:3147:1771_1920x0_80_0_0_615b6e6748c00ef1c50080d90ef0e157.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сайд Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафорати Эрон дар Афғонистон гуфт, ки теъдоде аз мақомоти пешини Афғонистон пас аз расидани толибҳо бар сари қудрат дар Эрон зиндагӣ мекунанд, аммо мақомоти Эрон ҳеҷ иртиботе бо онон надорад ва дафтару ташкилоте ҳам онҳо дар ин кишвар нахоҳанд дошт, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".Оқои Муртазавӣ гуфт, пас аз эъломи хабари дидори Аҳмади Масъуд ва Исмоилхон бо Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи толибон дар Теҳрон ва ҳамчунин сафари ахири Ҳикматёр ба Эрон гумонаҳо дар мавриди эҷоди ташкилоти ҷадид дар ин кишвар зиёд шудааст.Ёдовар мешавем, ки Теҳрон чанде қабл мизбони музокираи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибон барои ёфтани як роҳи ҳалли мусолиматомез барои поён додан ба муноқишот буд.Муртазавӣ мегуяд, сиёсати Эрон талош барои пешгирӣ аз вуқуи ҳар гуна ошӯб ва даргирӣ дар Афғонистон аст ва ба сурати ҷиддӣ муқобили ҳар талоше барои шуруи ҷанг дар ин кишвар меистанд.Муовини сафорати Эрон дар Кобул гуфтааст, Теҳрон барои осонсозии гуфтугӯҳои миёни толибон ва мухолифон ба талоши худ идома медиҳад.
https://sputnik.tj/20220208/hikmatyor-zidd-masud-eron-1045610034.html
кобул
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/74/1026157415_155:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_f6cee343edd234b397f2e31205c2c9fe.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, мақомот, дафтар, кобул, сафир
эрон, афғонистон, мақомот, дафтар, кобул, сафир
Теҳрон: Мақомоти пешини Афғонистон дар Эрон ҳеҷ дафтар ё ташкилоте нахоҳанд дошт
19:50 13.02.2022 (Навсозишуда: 20:54 14.02.2022) Муовини сафири Эрон дар Кобул иддао кардааст, намояндагони мақомоти пешини Афғонистон, ки ҳоло дар қаламрави Эрон зиндагӣ мекунанд, дар ин кишвар ҳеҷ дафтар ва ташкилоте нахоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сайд Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафорати Эрон дар Афғонистон гуфт, ки теъдоде аз мақомоти пешини Афғонистон пас аз расидани толибҳо бар сари қудрат дар Эрон зиндагӣ мекунанд, аммо мақомоти Эрон ҳеҷ иртиботе бо онон надорад ва дафтару ташкилоте ҳам онҳо дар ин кишвар нахоҳанд дошт, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Оқои Муртазавӣ гуфт, пас аз эъломи хабари дидори Аҳмади Масъуд ва Исмоилхон бо Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи толибон дар Теҳрон ва ҳамчунин сафари ахири Ҳикматёр ба Эрон гумонаҳо дар мавриди эҷоди ташкилоти ҷадид дар ин кишвар зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Теҳрон чанде қабл мизбони музокираи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибон барои ёфтани як роҳи ҳалли мусолиматомез барои поён додан ба муноқишот буд.
Муртазавӣ мегуяд, сиёсати Эрон талош барои пешгирӣ аз вуқуи ҳар гуна ошӯб ва даргирӣ дар Афғонистон аст ва ба сурати ҷиддӣ муқобили ҳар талоше барои шуруи ҷанг дар ин кишвар меистанд.
Муовини сафорати Эрон дар Кобул гуфтааст, Теҳрон барои осонсозии гуфтугӯҳои миёни толибон ва мухолифон ба талоши худ идома медиҳад.