https://sputnik.tj/20220213/sughd-kormand-gumruk-barkanor-sabab-1045811158.html
Дар Суғд 10 корманди Раёсати гумрук барканор шудаанд: сабаб
Дар Суғд 10 корманди Раёсати гумрук барканор шудаанд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Даҳ корманди Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд аз кор озод карда шудаанд
2022-02-13T15:30+0500
2022-02-13T15:30+0500
2022-02-14T13:13+0500
дар тоҷикистон
гумрук
барканорӣ
суғд
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032851085_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_85d0a6575509b1f68188be55669619fb.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфт, чанд нафарро дар як соли гузашта аз кор озод ва чанд корманди навро қабул кардаанд. Исматуллозода дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, аз 10 нафаре, ки соли гузашта барканор шуданд, 4 нафар бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. Сардори Идораи гумрук дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз корманди барканоршудаи ин ниҳод ном бурд.Ӯ гуфт, Назаров Шарафҷон, корманди ин ниҳод дар пайи вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашудан аз кор дар сафи мақомот барканор гардидааст. "Борҳо бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашудааст. Барои чунин рафтораш сардори Раёсат пешниҳод ирсол намуд ва роҳбарияти Хадамот қарор дар бораи барканории Назаровро қабул намуд” - гуфт, ӯ. Назари худи Назаров дар бораи ин изҳороти сардори раёсати гумруки вилояти Суғд феълан маълум нест. Сардори Раёсат илова намуд, ки соли гузашта 41 нафар ба сафи мақомоти гумрук дар Суғд ба кор қабул шуда, дар пайи ҳавасмандгардии 58 корманди ин ниҳод, ҷазои интизомии 3 корманд пеш аз муҳлат бардошта шудааст.Маврид ба зикр аст, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ҷумлаи ниҳодҳои давлатие ба шумор меравад, ки бо вуҷуди маоши на он қадар баланд доштанаш, довталабони кор дар ин ниҳод зиёд арзёбӣ мегарданд.
https://sputnik.tj/20220202/rohbari-maghoza-jilo-qochoqi-tilo-bozdosht-1045417738.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032851085_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_e4356dfd76dfe6f8c3401818728beba6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корманд, гумрук, барканор, қабул, раёсат, суғд
корманд, гумрук, барканор, қабул, раёсат, суғд
Дар Суғд 10 корманди Раёсати гумрук барканор шудаанд: сабаб
15:30 13.02.2022 (Навсозишуда: 13:13 14.02.2022) Даҳ корманди Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд аз кор озод карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфт, чанд нафарро дар як соли гузашта аз кор озод ва чанд корманди навро қабул кардаанд.
Исматуллозода дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, аз 10 нафаре, ки соли гузашта барканор шуданд, 4 нафар бо хоҳиши худ аз кор рафтанд.
"Панҷ нафар бинобар расидан ба синни ниҳоии кор дар мақомот ва 1 нафар барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ барканор гардид”, - гуфт, Исматуллозода.
Сардори Идораи гумрук дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз корманди барканоршудаи ин ниҳод ном бурд.
Ӯ гуфт, Назаров Шарафҷон, корманди ин ниҳод дар пайи вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашудан аз кор дар сафи мақомот барканор гардидааст.
"Борҳо бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашудааст. Барои чунин рафтораш сардори Раёсат пешниҳод ирсол намуд ва роҳбарияти Хадамот қарор дар бораи барканории Назаровро қабул намуд” - гуфт, ӯ.
Назари худи Назаров дар бораи ин изҳороти сардори раёсати гумруки вилояти Суғд феълан маълум нест.
Сардори Раёсат илова намуд, ки соли гузашта 41 нафар ба сафи мақомоти гумрук дар Суғд ба кор қабул шуда, дар пайи ҳавасмандгардии 58 корманди ин ниҳод, ҷазои интизомии 3 корманд пеш аз муҳлат бардошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ҷумлаи ниҳодҳои давлатие ба шумор меравад, ки бо вуҷуди маоши на он қадар баланд доштанаш, довталабони кор дар ин ниҳод зиёд арзёбӣ мегарданд.