СММ аз Эрон хост, ҳамлу нақли коло ба Афғонистонро густариш диҳанд

© пресс-служба КТЖМорской порт Актау
Морской порт Актау - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Обуна шудан
Созмони Миллали Муттаҳид аз мақомоти Эрон хостааст, ҳамлу нақли коло ба Афғонистонро бо истифода аз зерсохтҳои дарёӣ, бандарӣ, роҳи оҳан ва ҳамлу нақли ҷодаии густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Ин мавзуъ дар дидори Ҳидеу Икбе, раиси дафтари Созмони Миллали Маттаҳид дар умури Афғонистон (ЮНАМА) ва Алиакбари Сафоӣ, мудири кулли Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон баррасӣ шуд.
Раиси дафтари Созмони Миллали Маттаҳид дар умури Афғонистон изҳори умедворӣ кард, бо анҷоми ҳимоятҳои дипломатик ва пайгириҳои ЮНАМА аз мароҷеи масъули байналмиллалӣ ва ҳамчунин мароҷеи дохилии Афғонистон мавзуоти марбут ба ҳамлу нақл ва транзити коло аз тариқи Афғонистон беҳина шавад.
Икбе бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эронро бандарии муҳим барои Афғонистон донист.

“Бо рафъи мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон ва бо кумакҳои ироашуда аз тарафи Эрон, мавзуъоти муртабит бо ҳамлу нақл ва транзити колоҳои Афғонистон беҳбуд пайдо кардааст”, - гуфт раиси дафтари СММ.

Мудири кулли Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон гуфт, дар солҳои гузашта мардуми Эрон ҳамвора мизбони хубе барои мардуми Афғонистон буданд.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Эрон ба идомаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Афғонистон таъкид кард
Сафоӣ таъкид кард, бандари Чобаҳор на фақат барои тавсеаи меҳвари шарқи Эрон дорои ҷойгоҳи боарзиш аст, балки дигар кишварҳои ҳамсояе чун Афғонистон ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ метавонанд аз ҳамаи зарфиятҳо ва имконоти эҷодшуда дар бандари Чобаҳор ба нафъи кишварҳои худ истифода кунанд.
Ҳамчунин муовини вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон аз ироаи имконот ва анҷоми ҳамкориҳои лозим бо тоҷирон ва бахшҳои хусусии Афғонистон барои транзити колоҳои мавриди ниёз аз тариқи бандарҳои Эрон, бавижа бандари Чобаҳор хабар дод.
Бандари Чобаҳор дар устони Систону Балучистон танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар каронаи дарёи Макрон ва уқёнуси Ҳинд қарор дорад. Бандари Чобаҳор ба сабаби мавқеъияти роҳбурдӣ ва наздиктарин роҳи дастраси кишварҳои маҳсур ба хушкии Осиёи Марказӣ ҳамчун Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба обҳои озод аз аҳамияти вижа бархурдор аст.
Лентаи хабарҳо
0