https://sputnik.tj/20220213/dafn-muhojir-hisobi-noibi-vazir-fahmond--1045804772.html
Дафни муҳоҷир аз ҳисоби кист? Ноиби вазир фаҳмонд, кӣ ва барои чӣ пул ҷамъ мекунад
Дафни муҳоҷир аз ҳисоби кист? Ноиби вазир фаҳмонд, кӣ ва барои чӣ пул ҷамъ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тавзеҳ дод, ки давлат барои чӣ пул медиҳаду шахсони алоҳида чаро маблағ ҷамъ мекунанд
2022-02-13T11:45+0500
2022-02-13T11:45+0500
2022-02-14T18:05+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
даргузашт
дахлу харҷ
интиқол
ҷасад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз буҷаи давлат барои интиқоли ҷасади муҳоҷирон маблағ ҷудо мешавад. Маҳмадуллозода дар суҳбат бо рӯзноманигори мустақил Далери Эмомалӣ гуфт, давлат тавассути мақомоти нақлиёти кишвар барои ҷуброни хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ зимни интиқоли ҷасад маблағ ҷудо мекунад. Ба ин суол, ки модоме давлат маблағ ҷудо мекунад, чаро дар бисёри ҳолатҳо муҳоҷирон барои интиқоли ҷасад маблағ ҷамъ меоранд, ноиби вазир гуфт, ин ҷо хароҷоти дигар дар миён аст. Вай тавзеҳ дод, ки бархе хароҷот то фурудгоҳ ҳастанд, ки он аз ҳисоби давлат ҷуброн намешавад ва маҳз барои ҳамин ниёзҳо гоҳе ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла мисол овард, ки агар муҳоҷир дар шаҳре фавтад, ки хатсайри парвози ҳавопаймо бо Тоҷикистон надорад, зарурати интиқол ба Маскаву дигар шаҳрҳо ба миён меояд.Маҳмадуллозода таъкид намуд, ки бо ҷамъияти тоҷикон дар Русия ҳамкории зич доранд ва талош мекунанд, дар чунин ҳолатҳои нохуш маблағи заруриро пайдо намоянд. Ӯ гуфт, дар аксари маврид хароҷоти интиқол аз ҷониби соҳибкорону диаспораҳо пардохт мегардад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2021 дар хориҷи кишвар ҳудуди 950 тоҷикистонӣ фавтидааст. Омилҳои фавт гуногун - аз беморӣ то ҳолатҳои нохушу риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ арзёбӣ мешавад. Русия аз қабулкунандаи асосии муҳоҷирони тоҷик буда, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои дарёфти қути лоямут озими ин кишвар мешавад.
https://sputnik.tj/20220213/khushqadu-rusidon-turkey-tajikistan-mehmonkhona-1045805212.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дафн, муҳоҷир, кист, ноиб, вазир
дафн, муҳоҷир, кист, ноиб, вазир
Дафни муҳоҷир аз ҳисоби кист? Ноиби вазир фаҳмонд, кӣ ва барои чӣ пул ҷамъ мекунад
11:45 13.02.2022 (Навсозишуда: 18:05 14.02.2022) Ноиби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки давлат барои чӣ пул медиҳаду шахсони алоҳида чаро маблағ ҷамъ мекунанд. Соли гузашта 950 тоҷикистонӣ дар хориҷ фавтид
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз буҷаи давлат барои интиқоли ҷасади муҳоҷирон маблағ ҷудо мешавад.
Маҳмадуллозода дар суҳбат бо рӯзноманигори мустақил Далери Эмомалӣ гуфт, давлат тавассути мақомоти нақлиёти кишвар барои ҷуброни хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ зимни интиқоли ҷасад маблағ ҷудо мекунад.
Ба ин суол, ки модоме давлат маблағ ҷудо мекунад, чаро дар бисёри ҳолатҳо муҳоҷирон барои интиқоли ҷасад маблағ ҷамъ меоранд, ноиби вазир гуфт, ин ҷо хароҷоти дигар дар миён аст.
Вай тавзеҳ дод, ки бархе хароҷот то фурудгоҳ ҳастанд, ки он аз ҳисоби давлат ҷуброн намешавад ва маҳз барои ҳамин ниёзҳо гоҳе ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла мисол овард, ки агар муҳоҷир дар шаҳре фавтад, ки хатсайри парвози ҳавопаймо бо Тоҷикистон надорад, зарурати интиқол ба Маскаву дигар шаҳрҳо ба миён меояд.
Маҳмадуллозода таъкид намуд, ки бо ҷамъияти тоҷикон дар Русия ҳамкории зич доранд ва талош мекунанд, дар чунин ҳолатҳои нохуш маблағи заруриро пайдо намоянд. Ӯ гуфт, дар аксари маврид хароҷоти интиқол аз ҷониби соҳибкорону диаспораҳо пардохт мегардад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2021 дар хориҷи кишвар ҳудуди 950 тоҷикистонӣ фавтидааст. Омилҳои фавт гуногун - аз беморӣ то ҳолатҳои нохушу риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ арзёбӣ мешавад.
Русия аз қабулкунандаи асосии муҳоҷирони тоҷик буда, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои дарёфти қути лоямут озими ин кишвар мешавад.