https://sputnik.tj/20220211/tojikiston-sarmoyaguzori-asliasho-elon-kard-1045761549.html
Тоҷикистон сармоягузори аслиашро эълон кард
Тоҷикистон сармоягузори аслиашро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2021 ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама бештар Чин сармоягузорӣ кардааст
2022-02-11T15:58+0500
2022-02-11T15:58+0500
2022-02-21T13:18+0500
дар тоҷикистон
сармоягузор
чин
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045614975_0:59:1920:1139_1920x0_80_0_0_4f354ecb83bd7124eeacb9223701b183.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Чин дар давоми як сол ба иқтисоди Тоҷикистон 210 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.Ба иттилои вай пас аз Чин дар ин феҳрист Туркия бо - 25 млн, Швейтсария - 21 млн, Фаронса - 19 млн, Кипр - 10 млн ва Британияи Кабир - 6 млн доллар қарор доранд.Саъдӣ Қодирзода, гуфт вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 баробар афзуда, зиёда аз 700 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 ба андозаи 280 миллион доллар бештар аст.Ҳамзкмон қайд карда шуд, ки дар баробари ин ҳаҷми сармоягузории мустақим 2,1 баробар зиёд шуда, 340 миллион долларро ташкил додааст.Оқои Қодирзода зимн нишасти матбуотӣ афзуд, ки сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 56,9%, саноати коркард - 9,9%, сохтмон - 2,1% ва дигар соҳаҳо - 31,1% равона шудааст.Баррасии вазъи сармоягузорӣ дар Суғд: 120 ҳазор соҳибкор дар вилоят фаъолият мекунадРаиси кумитаи сармоягузорӣ илова кард, ки айни замон дар кишвар 78 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 42 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,7 млрд доллар) амалӣ мешавад, ки аз ин миқдор то ин дам 5 млрд сомониаш азхуд шудааст.“Аз ҷумла 160 млн доллар ба таъсиси корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсоли гӯшт ва коркарди канданиҳои фоиданок равона шуда, боз дар 6 лоиҳа таъсиси корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст”, - гуфт ӯ.Оқои Қодирзода зикр кард, ки амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси 3500 ҷойҳои нави кориро таъмин мекунад.Вай ҳамчунин иловак кард, ки соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 6 млрд сомонӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки 80%-и онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045614975_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_4db49b2b37d91fa29a3d93514a41f946.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сармоягузорӣ, чин, иқтисод, афзоиш, сармоягузор
тоҷикистон, сармоягузорӣ, чин, иқтисод, афзоиш, сармоягузор
Тоҷикистон сармоягузори аслиашро эълон кард
15:58 11.02.2022 (Навсозишуда: 13:18 21.02.2022) Дар соли 2021 ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама бештар Чин сармоягузорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Чин дар давоми як сол ба иқтисоди Тоҷикистон 210 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои вай пас аз Чин дар ин феҳрист Туркия бо - 25 млн, Швейтсария - 21 млн, Фаронса - 19 млн, Кипр - 10 млн ва Британияи Кабир - 6 млн доллар қарор доранд.
Саъдӣ Қодирзода, гуфт вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 баробар афзуда, зиёда аз 700 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 ба андозаи 280 миллион доллар бештар аст.
Ҳамзкмон қайд карда шуд, ки дар баробари ин ҳаҷми сармоягузории мустақим 2,1 баробар зиёд шуда, 340 миллион долларро ташкил додааст.
Оқои Қодирзода зимн нишасти матбуотӣ афзуд, ки сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 56,9%, саноати коркард - 9,9%, сохтмон - 2,1% ва дигар соҳаҳо - 31,1% равона шудааст.
Раиси кумитаи сармоягузорӣ илова кард, ки айни замон дар кишвар 78 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 42 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,7 млрд доллар) амалӣ мешавад, ки аз ин миқдор то ин дам 5 млрд сомониаш азхуд шудааст.
“Аз ҷумла 160 млн доллар ба таъсиси корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсоли гӯшт ва коркарди канданиҳои фоиданок равона шуда, боз дар 6 лоиҳа таъсиси корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст”, - гуфт ӯ.
Оқои Қодирзода зикр кард, ки амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси 3500 ҷойҳои нави кориро таъмин мекунад.
Вай ҳамчунин иловак кард, ки соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 6 млрд сомонӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки 80%-и онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд.