https://sputnik.tj/20220211/parvoz-rahmonzoda-tajikistan-bozihoi-olimpi-1045763582.html
"Парвоз набуд": Раҳмонзода гуфт, чаро Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпӣ дар Пекин канор монд
"Парвоз набуд": Раҳмонзода гуфт, чаро Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпӣ дар Пекин канор монд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон сабаби роҳ наёфтани варзишгарони кишвар ба Бозиҳои олимпӣ - 2022-ро тавзеҳ дод
2022-02-11T16:20+0500
2022-02-11T16:20+0500
2022-02-11T18:28+0500
ҷавонон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
роҳхат
маҳдудият
пандемия
парвоз
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041529504_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_e6a7b2c5710ad01840b839212eb288b2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, ба далели маҳдудиятҳои марбути пандемия иштироки варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳо барои гирифтани роҳхати олимпӣ таъмин кардан натавонистанд. Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бисёре аз мусобиқаҳо барои гирифтани роҳхати олимпӣ дар минтақаи Аврупо баргузор шуданд ва шарту маҳдудиятҳои худро доштанд. Вай аз ҷумлаи шартҳо изҳор дошт, ки варзишгарон бояд бо истифодаи на зиёда аз ду ҳавопаймо ба макони мусобиқа мерасиданд. Ин дар шароите, ки Тоҷикистон парвозҳои мустақим надорад, ғайриимкон буд, гуфт ӯ. Раиси Кумитаи ҷавонону варзиш илова намуд, ки дар бархе ҳолатҳо талош намуданд, ки аз тариқи нақлиёти заминӣ варзишгарон ба кишварҳои дигар сафарбар шаванду аз он ҷо бо истифода аз ду ҳавопаймо ба макони мусобиқа расанд. Аммо дар ин сурат низ баргузоркунандаҳои мусобиқа дархост фиристодаанд, ки варзишгарон ба чорабинӣ наоянд, чун аллакай марзи чанд кишварро убур намудаанду сарчашмаи хатар ба шумор мераванд. Ӯ таъкид намуд, ки маҳз ба далели чунин маҳдудиятҳо варзишгарони тоҷик аз роҳхат ва Бозиҳои олимпии зимистон дар шаҳри Пекин маҳрум монданд. Қаблан Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ гуфт, бар асари пандемияи коронавирус варзишгарони тоҷик дар чанд сабқат иштирок карда натавонист.Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон соли гузашта 966 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 398 медал гардиданд. Ба иттилои расмӣ, аз ин теъдоди медалҳо дар риштаҳои олимпии варзиш 22 медали тило, 52 нуқра ва 95 медали биринҷӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220210/olimpiada-pekin-ajoib-1045739863.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041529504_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_9757cc6d7faa3a4cdcff61ddad31205d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмонзода, тоҷикистон, канор,
раҳмонзода, тоҷикистон, канор,
"Парвоз набуд": Раҳмонзода гуфт, чаро Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпӣ дар Пекин канор монд
16:20 11.02.2022 (Навсозишуда: 18:28 11.02.2022) Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон сабаби роҳ наёфтани варзишгарони кишвар ба Бозиҳои олимпӣ - 2022-ро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, ба далели маҳдудиятҳои марбути пандемия иштироки варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳо барои гирифтани роҳхати олимпӣ таъмин кардан натавонистанд.
Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бисёре аз мусобиқаҳо барои гирифтани роҳхати олимпӣ дар минтақаи Аврупо баргузор шуданд ва шарту маҳдудиятҳои худро доштанд.
Вай аз ҷумлаи шартҳо изҳор дошт, ки варзишгарон бояд бо истифодаи на зиёда аз ду ҳавопаймо ба макони мусобиқа мерасиданд. Ин дар шароите, ки Тоҷикистон парвозҳои мустақим надорад, ғайриимкон буд, гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи ҷавонону варзиш илова намуд, ки дар бархе ҳолатҳо талош намуданд, ки аз тариқи нақлиёти заминӣ варзишгарон ба кишварҳои дигар сафарбар шаванду аз он ҷо бо истифода аз ду ҳавопаймо ба макони мусобиқа расанд. Аммо дар ин сурат низ баргузоркунандаҳои мусобиқа дархост фиристодаанд, ки варзишгарон ба чорабинӣ наоянд, чун аллакай марзи чанд кишварро убур намудаанду сарчашмаи хатар ба шумор мераванд.
Ӯ таъкид намуд, ки маҳз ба далели чунин маҳдудиятҳо варзишгарони тоҷик аз роҳхат ва Бозиҳои олимпии зимистон дар шаҳри Пекин маҳрум монданд.
Қаблан Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ гуфт, бар асари пандемияи коронавирус варзишгарони тоҷик дар чанд сабқат иштирок карда натавонист.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон соли гузашта 966 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 398 медал гардиданд.
Ба иттилои расмӣ, аз ин теъдоди медалҳо дар риштаҳои олимпии варзиш 22 медали тило, 52 нуқра ва 95 медали биринҷӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ворид карда шудааст.