https://sputnik.tj/20220211/omor-mubtaloyon-koronavirus-tojikiston-1045745269.html
Омори нави гирифторӣ ба COVID-19: вазорат намедонад, дар Тоҷикистон омикрон ҳаст ё на
Омори нави гирифторӣ ба COVID-19: вазорат намедонад, дар Тоҷикистон омикрон ҳаст ё на
Sputnik Тоҷикистон
Омори нав нишон медиҳад, ки шумораи гирифторони бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ тадриҷан афзоиш меёбад 11.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-11T09:03+0500
2022-02-11T09:03+0500
2022-02-12T12:21+0500
коронавирус
дар тоҷикистон
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045697654_0:0:3055:1719_1920x0_80_0_0_6a159bc20108b5505623e748dd512fab.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маълумоти наверо дар бораи шумори мубталоён ба COVID-19 дар як рӯзи гузашта мушаххас кард. Ҳамин тавр, тибқи иттилои расмӣ, дар як рӯзи охир дар кишвар боз 6 нафари дигар гирифтори коронавирус шуд. Теъдоди афроде, ки аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ба 6 нафар мерасад. Ҳамин тариқ, аз оғози сабти номи коронавирус дар Тоҷикистон 17 367 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Мутаносибан шумораи шифоёфтагон низ афзоиш ёфта, 17218 нафарро ташкил дод.Вазорати беҳдошт тавзеҳ дод, ки мизони фавт то ҳол дар сатҳи 124 нафар аст.Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.Аммо дар Тоҷикистон намедонанд, ки ин штамм дар кишвар ҳаст ё на.Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфт, ин ниҳод барои муайян кардани омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ дорад, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.Вай гуфт, танҳо дар ҳамин сурат метавон беморонеро, ки ба омикрон гирифтор шудаанд, муайн кард.Қобили зикр аст, ки ҳоло дар пасманзари афзоиши гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон эмкунӣ фаъолона идома дорад. Тақрибан 80% сокинони кишвар аллакай эм шудаанд, ки тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Бо яке аз ин 5 ваксика - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон моякӯбӣ шудан мумкин аст.Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.
https://sputnik.tj/20220210/dastgoh-nadorem-abdullozoda-omikron-tojikiston-bekhabari-1045742473.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045697654_158:0:2873:2036_1920x0_80_0_0_f23c0ea11438687d2974833e9df9a102.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омр covid-19 тоҷикистон омикрон
омр covid-19 тоҷикистон омикрон
Омори нави гирифторӣ ба COVID-19: вазорат намедонад, дар Тоҷикистон омикрон ҳаст ё на
09:03 11.02.2022 (Навсозишуда: 12:21 12.02.2022) Омори нав нишон медиҳад, ки шумораи гирифторони бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ тадриҷан афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маълумоти наверо дар бораи шумори мубталоён ба COVID-19 дар як рӯзи гузашта мушаххас кард.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои расмӣ, дар як рӯзи охир дар кишвар боз 6 нафари дигар гирифтори коронавирус шуд.
Теъдоди афроде, ки аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ба 6 нафар мерасад.
Ҳамин тариқ, аз оғози сабти номи коронавирус дар Тоҷикистон 17 367 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Мутаносибан шумораи шифоёфтагон низ афзоиш ёфта, 17218 нафарро ташкил дод.
Вазорати беҳдошт тавзеҳ дод, ки мизони фавт то ҳол дар сатҳи 124 нафар аст.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Аммо дар Тоҷикистон намедонанд, ки ин штамм дар кишвар ҳаст ё на.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфт, ин ниҳод барои муайян кардани омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ дорад, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.
Вай гуфт, танҳо дар ҳамин сурат метавон беморонеро, ки ба омикрон гирифтор шудаанд, муайн кард.
“Санҷишҳое, ки то имрӯз аз беморон гирифта шуд, дар Вазорати тандурустӣ ҳифз шуда, бо ворид гардидани дастгоҳи нави озмоишӣ барои муайян кардани намудҳои ин беморӣ таҳлил гузаронида мешавад”, - гуфт вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотӣ.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар пасманзари афзоиши гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон эмкунӣ фаъолона идома дорад. Тақрибан 80% сокинони кишвар аллакай эм шудаанд, ки тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Бо яке аз ин 5 ваксика - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон моякӯбӣ шудан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.