https://sputnik.tj/20220211/natasha-nozanin-mardoni-muhojir-hamsaron-ravonshinos-1045779369.html
Наташа ба ҷои Нозанин? Кадом мардони муҳоҷир аз баҳри ҳамсаронашон мебароянд – равоншинос
Наташа ба ҷои Нозанин? Кадом мардони муҳоҷир аз баҳри ҳамсаронашон мебароянд – равоншинос
Sputnik Тоҷикистон
Вақте байни зану шавҳар пайванди қавие нест, кандани он бениҳоят осон аст ва муҳоҷир шудани мард баҳонае беш нест, мегӯяд равоншино
2022-02-11T21:00+0500
2022-02-11T21:00+0500
2022-02-21T13:13+0500
дар тоҷикистон
занон
муҳоҷират
занон ва мардон
иҷтимоъ
равоншинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985911_0:133:2556:1571_1920x0_80_0_0_ee52b513036e3e09751a949f2ff224db.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муҳоҷиратро бархе коришиносон боиси заиф шудани институти оиладорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.Ба гуфтаи онҳо, ба як муддати дароз тарки оила кардани шавҳарон боиси сар задани бисёр мушкилиҳои гуногун дар ин гуна оилаҳо мешавад, ки на ҳар як хонавода тавони бардошти ва пайдо кардани роҳи ҳалли онҳоро дорад.Чанд соли ахир шикояти занони тоҷике, ки шавҳарашон дар кишвари дигар кор мекунад, зиёд ба назар мерасад: “рафту гум шуд”, “пул намефиристад”, “зани рус ё дигар гирифтааст”, “фарзандонашро ҳам намепурсад” ва ғайра.Sputnik Тоҷикистон дар суҳбат бо равоншиноси шинохта Марям Давлатова сабабҳои аз баҳри оила баромадани бархе муҳоҷиронро аз нигоҳи равоншиносӣ баррасӣ кард.Ин коршинос бо таъкиди он ки масъала сабаби ягона ва мушаххас надошта, он тадқиқоти васеъро талаб мекунад, гуфт, “ин ҷо сабаби асосӣ ба камолоти иҷтимоӣ нарасидани бархе мардони оиладор” мебошад.Агар ин “нишонаҳо” дар мард набошад, ӯ ба ном зандор аст, дар асл ҳар коре, ки мекунад, зери назорати волидон ва аз тарс аз онҳо анҷом медиҳад.“Масалан, агар падару модар гӯянд, ки “барои ҳамсарат либос хар, мехарад, гуфтанд, нахар, намехарад”, - тавзеҳ медиҳад вай.Равоншинос ҳамин далелҳоро боиси набудани пайванди қавӣ медонад.“Ин гуна ҳамсарон вақте дар паҳлӯи ҳамдигаранд, заиф ҳам бошад, пайванде доранд, аммо вақте дуртар мераванд, сарфи назар аз он ки куҷо рафтаанд, як варианти дигар пайдо мекунанд ва он бастагӣ канда мешавад”, - меафзояд Марям Давлатова.Андешаи бархе занон, ки фарзанд мардҳоро ба оила бармегардонад, мутлақо хатост.Дар ин гуна ҳолатҳо, ҳатто мардҳо дар хона бошанд ҳам, вақти бемории кӯдак, ғашу гиряи вай, таваҷҷуҳ талаб кардани тифл танҳо модар назди ӯст ва кӯдак низ танҳо модарро мехонад, падар бошад, роҳашро дигар мекунад ё аз пайи ҷӯраҳо мешавад ё зани дигар, ё машғулияте пайдо менамояд.“Тасаввур кунед, ин гуна мард муҳоҷир шавад, табиист, ки дар ғарибӣ мушкилоти зиёд дорад, меҳр намерасад, аз ҳамсараш, ки дар умум дӯст ӯро намедорад, меҳрубонӣ гирифта наметавонад ва бо зани дигар пайвастану ҳамсари худро фаромӯш кардан дар ин ҳолат хеле осон аст”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.Ба қавли коршинос, бор кардани тамоми “гуноҳ” ба сари муҳоҷират хатост, фосила барои оилаҳои қавӣ имтиҳонест, ки онҳоро аз ҳам намепошад. На ҳамаи мардони муҳоҷир аз баҳри ҳамсар мебароянд.Ҳама оилаҳои хушбахт хушбахтии ҳамсон доранд, вале хонаводаҳои бадбахт ҳар яке ба таври худ ба бадбахтӣ рӯ ба рӯянд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985911_142:0:2414:1704_1920x0_80_0_0_87219ad8e8e485a50f04c267dab3da97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, мардон, занон, баҳона, шавҳар, ҳамсар, равоншинос
тоҷикистон, муҳоҷират, мардон, занон, баҳона, шавҳар, ҳамсар, равоншинос
Наташа ба ҷои Нозанин? Кадом мардони муҳоҷир аз баҳри ҳамсаронашон мебароянд – равоншинос
21:00 11.02.2022 (Навсозишуда: 13:13 21.02.2022) Вақте байни зану шавҳар пайванди қавие нест, кандани он бениҳоят осон аст ва муҳоҷир шудани мард баҳонае беш нест, мегӯяд равоншинос
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муҳоҷиратро бархе коришиносон боиси заиф шудани институти оиладорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, ба як муддати дароз тарки оила кардани шавҳарон боиси сар задани бисёр мушкилиҳои гуногун дар ин гуна оилаҳо мешавад, ки на ҳар як хонавода тавони бардошти ва пайдо кардани роҳи ҳалли онҳоро дорад.
Чанд соли ахир шикояти занони тоҷике, ки шавҳарашон дар кишвари дигар кор мекунад, зиёд ба назар мерасад: “рафту гум шуд”, “пул намефиристад”, “зани рус ё дигар гирифтааст”, “фарзандонашро ҳам намепурсад” ва ғайра.
Sputnik Тоҷикистон дар суҳбат бо равоншиноси шинохта Марям Давлатова сабабҳои аз баҳри оила баромадани бархе муҳоҷиронро аз нигоҳи равоншиносӣ баррасӣ кард.
Ин коршинос бо таъкиди он ки масъала сабаби ягона ва мушаххас надошта, он тадқиқоти васеъро талаб мекунад, гуфт, “ин ҷо сабаби асосӣ ба камолоти иҷтимоӣ нарасидани бархе мардони оиладор” мебошад.
“Онҳо мардоне ҳастанд, ки масъулияти зандориро намешиносанд, падару модарашон зан додаанд, аз нигоҳи иҷтимоӣ, моддӣ, ҳатто равонӣ ба оилодор шудан тайёр набуданд”, - таъкид мекунад хонум Давлатова.
Агар ин “нишонаҳо” дар мард набошад, ӯ ба ном зандор аст, дар асл ҳар коре, ки мекунад, зери назорати волидон ва аз тарс аз онҳо анҷом медиҳад.
“Масалан, агар падару модар гӯянд, ки “барои ҳамсарат либос хар, мехарад, гуфтанд, нахар, намехарад”, - тавзеҳ медиҳад вай.
Равоншинос ҳамин далелҳоро боиси набудани пайванди қавӣ медонад.
“Ин гуна ҳамсарон вақте дар паҳлӯи ҳамдигаранд, заиф ҳам бошад, пайванде доранд, аммо вақте дуртар мераванд, сарфи назар аз он ки куҷо рафтаанд, як варианти дигар пайдо мекунанд ва он бастагӣ канда мешавад”, - меафзояд Марям Давлатова.
Андешаи бархе занон, ки фарзанд мардҳоро ба оила бармегардонад, мутлақо хатост.
“Мардро кӯдак ҳаргиз нигоҳ намедорад. Барои марде ки ҳамсарашро дӯст намедорад, барои оиладорӣ омода набуд, масъулиятшинос нест, кӯдак дарди сар аст”, - мегӯяд коршинос.
Дар ин гуна ҳолатҳо, ҳатто мардҳо дар хона бошанд ҳам, вақти бемории кӯдак, ғашу гиряи вай, таваҷҷуҳ талаб кардани тифл танҳо модар назди ӯст ва кӯдак низ танҳо модарро мехонад, падар бошад, роҳашро дигар мекунад ё аз пайи ҷӯраҳо мешавад ё зани дигар, ё машғулияте пайдо менамояд.
“Тасаввур кунед, ин гуна мард муҳоҷир шавад, табиист, ки дар ғарибӣ мушкилоти зиёд дорад, меҳр намерасад, аз ҳамсараш, ки дар умум дӯст ӯро намедорад, меҳрубонӣ гирифта наметавонад ва бо зани дигар пайвастану ҳамсари худро фаромӯш кардан дар ин ҳолат хеле осон аст”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.
Ба қавли коршинос, бор кардани тамоми “гуноҳ” ба сари муҳоҷират хатост, фосила барои оилаҳои қавӣ имтиҳонест, ки онҳоро аз ҳам намепошад. На ҳамаи мардони муҳоҷир аз баҳри ҳамсар мебароянд.
“Оила бунёди ҳама гуна ҷомеа аст, мушкилие, ки дар оила пайдо шуд, дар давараи муайян дар ҷомеа дар шакли даҳшатноктар зуҳур мекунад. Агар мо инро дарк карда тавонем, бисёр масъалаҳоро осонтар ҳал мекунем”, - таъкид мекунад хонум Давлатова.
Ҳама оилаҳои хушбахт хушбахтии ҳамсон доранд, вале хонаводаҳои бадбахт ҳар яке ба таври худ ба бадбахтӣ рӯ ба рӯянд.