Козак тафсилоти музокироти "формати нормандӣ"-ро гуфт: манфӣ - ҳам натиҷа аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя правительства РФ Дмитрий Козак
Заместитель председателя правительства РФ Дмитрий Козак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Ноиби раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Русия тафсилоти музокирот дар "формати нормандӣ"- ро баён дошт
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Киев аз иҷрои созишномаи "Минск-2" канораҷӯӣ мекунад ва музокироти ахир бенатиҷа анҷомиданд, изҳор дошт Дмитрий Козак, ноиби раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Русия.
"Аммо натиҷаи манфӣ ҳам натиҷа аст. Рӯшан шуд, ки изҳороти сиёсатмадорҳои гуногун ва шарикони формати нормандӣ ва пойбандияшон ба созишномаҳои Минск чӣ арзиш доранд", - овардааст РИА Новости аз қавли Козак.
Ба гуфтаи ӯ, се аз чор иштирокдори ин формат омодаи иҷрои созишномаҳо нестанду ҳатто иқтибоси бандҳои асосии онро рад мекунанд.

"Украина аз Олмону Фаронса дасткорона сӯиистифода мекунаду онҳо ҳам роҳат дода мешаванд, тамоми пешниҳодҳои пӯчашонро ҷонибдорӣ менамоянду гоҳо ба ҳолати ноҳинҷор меафтанд. Талоши гурез аз уҳдадориҳо доранд", - гуфт Козак.

Намояндаи Русия таъкид намуд, ки феълан ҳалли мухолифат дар нуқтаи сифрӣ, дар сатҳи соли 2015 қарор дорад.
Музокироти ба ном "формати нормандӣ" дар масоили Украина аз июни соли 2014 мавҷуданд. Он замон зимни таҷлили 70-умин солгарди интиқоли нерӯҳои иттифоқчиён ба Нормандия, роҳбарони Олмон, русия, Украина ва Фаронса бори аввал ба эътидол овардани мухолифатҳо дар Донбассро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо дар самтҳои гуногун дурнамои ҳамкорӣ дар ин форматро баррасӣ доранд.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир артиши Украина дар шарқи кишвараш беш аз ними ҳайати шахсиро ҷой додаст. Кишварҳои ғарбӣ борҳо изҳор доштанд, ки Русия барои ҳамла ба Украина омодагӣ дорад. Маскав ин иддаоро бепоя хонда, изҳор дошт, ки он ҳамчун баҳона барои ҷой додани нерӯҳои НАТО ва ИМА дар шарқи Аврупо истифода мешавад.
Зеленский, конечно, ответил Путину на «нравится не нравится - терпи моя красавица» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Посухи Зеленский ба Путин дар мавриди "зебои ман" - видео
Маврид ба зикр аст, ки мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0