Дар Шаҳритус як раиси ҷамоат худро ба дор овехтааст

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Маълум нест, ки раиси ҷамоат чаро худкушӣ кардааст ва мақомот ҳоло сабабҳои онро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус даст ба худкушӣ задааст.
Дар ин бора аз ин ҷамоат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи худкушии раиси ҷамоат шаби 11 феврал сурат гирифта, ҷасади ӯро овехта ёфтаанд.
Манбаъ гуфт, кормандони мақомот ҳоло дар ҷамоат ҳузур доранд ва ҳодисаи марги ӯро таҳқиқ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, Нодиров 34 сол дошт ва соҳиби 4 фарзанд буд. Ӯ тайи беш аз ду соли охир раисии ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаровро ба зимма дошт.

"Рӯзи 10-уми феврал дар деҳаи Айвоҷ бо мардуми маҳаллӣ маҷлис дошт, ки дар он асосан масъалаи об баррасӣ шуд. Вазъаш хуб буд",- гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи Нодиров зуҳри 11 феврал доир мешавад.
Манбаъ гуфт, марҳум қаблан дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати мазкур кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0