Усмонзода дар бораи ҳаводиси Қазоқистон ва таъсири он ба Тоҷикистон гуфт: Омодаи вокунишем

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание центра стратегический исследований ЦСИ
Здание центра стратегический исследований ЦСИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро Қазоқистон сари вақт натавонист бетартибиҳоро пешгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Усмонзода Хайриддин Усмон, раҳбари нави МТС Тоҷикистон мегӯяд, ҳаводиси Қазоқистон дар пайи нобаробарии иҷтимоӣ сар зад.
Номбурда дар ин бораи зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод ва гуфт, ки дар ин ҳолат дархолати кишварҳои берун ва гурӯҳҳои хуфта низ ҷой дошт.
Ӯ гуфт, Қазоқистон, ки таҷрибаи фаврии вокуниш нишон додан надошт, бинобар ин ба СААД муроҷиат кард.

Ҳаводиси Қазоқистон ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?

Раҳбари МТС мегӯяд, Тоҷикистон барои такрор нашудани ҳаводиси Қазоқистон барномаву стратегияҳои муайян дар ҷиҳати аз байн бурдани нобаробариҳои иҷтимоиро дорад, то вазъ буҳронӣ нашавад.
Ба гуфтаи ӯ, то 15 фисад поин омадани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар бозгӯи он аст.
"Тоҷикистон бо ин гурӯҳҳо муқовимат мекунад, зеро размоишҳои васеъро бо дигар кишвар ба роҳ мемонад. Ин моро умедвор мекунад, ки вокуниши кишаварамон дар сатҳи хуб сурат мегирад",- афзуд манбаъ.
Как выглядят разгромленные города в Казахстане спустя месяц после беспорядков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Шаҳрҳои Қазоқистон пас аз як моҳи ошӯбҳо дар чӣ ҳоланд: видео
Усмонзода гуфт, эҳтимоли доман густурдани ҳаводиси Қазоқистон ба дигар кишварҳои ОМ маҳдуд аст.
Мавриди зикр аст, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили январи соли 2022 ба вуқуъ пайвастанд.
Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ буд.
Дар кишвар ғоратгарӣ оғоз шуд, ошӯбгарон ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла кардаву силоҳҳои низомиёнро гирифтанд.
Президенти Қазоқистон барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард.
Бо супориши сарвари ин давлат Қосим-Ҷомарт Тоқаев контингенти низомии СПАД ба ин кишвар ворид шуд, ки объектҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими онро дар он шабу рӯз посбонӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0