Субҳонзода дар бораи гаронии билет: Ширкатҳо дастур гирифтанд, арзоншавӣ дида мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Ҳамаи ширкатҳои ҳавонавардӣ аз Агентии авиатсияи гражданин кишвар бо талаби ба таври сунъй баланд накардани нархҳо мактуб гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки нархи чиптаҳо ба шаҳрҳои Русия ва бозгашт ба ҷумҳурӣ бояд тадриҷан муътадил шавад.
Дар ин бора дар нишасти хабарии ҳисоботӣ сардори Оҷонсӣ Икром Субҳонзода хабар дода гуфт, ки дар бораи афзоиши беасоси нархи чиптаҳо чораҳои зарурӣ андешида, талош дорем, ки арзиши чиптаҳо боло наравад.
Вай таъкид кард, ки ин масъала бо ҷониби Русия пайваста матраҳ мешавад. Дар агентӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор гардид.

"Мо ба намояндагони он ширкатҳое занг задем, ки байни кишварҳо ба ҳамлу нақли ҳавоӣ машғуланд. Дар ин замина корҳо идома доранд. Натиҷа ҳаст", - гуфт ӯ.

Субҳонзода таъкид кард, ки "динамикаи поин рафтани нархи чиптаҳо"-ро аллакай дида истодааст.
Вобаста ба ин ниҳод тасмим гирифтааст, то охир исрор кунад, ки нархҳо дар доираи хароҷоте, ки дар ин хатсайрҳо сарф мешаванд, бошанд.
Ин аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии "Уралские авиалинии", "Северный ветер", "Ют-эйр", "Сибир" ва "Сомон эйр"-и Тоҷикистон огоҳии расмӣ гирифтаанд.
Глава Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Оё "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" муттаҳид мешаванд? Посухи агентӣ
Барои пешгирии болоравии беасоси нархҳо ба онҳо расман мактуб дода шуд, гуфт сардори агентӣ.
Ӯ гуфт, ниҳоди зертобеаш ҳуқуқи мусофиронро ҳимоя мекунад, нархгузориро дар соҳа қатъан назорат менамояд.
Дар мавриди парвозҳои доимии миёни Русия ва Тоҷикистон, ба гуфтаи Субҳонзода, шумори парвозҳо ба сатҳи қабл аз пандемия баргашта, ба 120 парвоз дар як ҳафта расидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои ин ниҳод, зиёда аз 70%-и ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоии кишвар ба самти Федератсияи Русия рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0