https://sputnik.tj/20220210/siyosatshinos-voris-zhirinovskiyro-hld-1045720945.html
Сиёсатшинос ҷойгузини Жириновскийро гуфт: кӣ ҲЛДР-ро раҳбарӣ мекунад?
Сиёсатшинос ҷойгузини Жириновскийро гуфт: кӣ ҲЛДР-ро раҳбарӣ мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори маъруф бо мубтало ба коронавирус дар бемористон бистарӣ аст: агар ӯ аз мақом хориҷ шавад, ҳизби Жириновскийро кӣ раҳбарӣ мекунад?
2022-02-10T17:25+0500
2022-02-10T17:25+0500
2022-02-10T20:16+0500
дар русия
сиёсат
владимир жириновский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/10/1031743794_0:0:3068:1727_1920x0_80_0_0_552e18355c29a01505b5de0b16fbd36c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Сиёсатшинос Максим Жаров гуфт, кӣ метавонад ҷорйгузини раиси ҲЛДР Владимир Жириновский дар ин ҳизб шавад. Яке аз номзадҳо, ба гуфтаи коршинос, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аст. Дар суҳбат бо URA.RU Жаров қайд кард, ки сиёсатмадор метавонад ин ҳизбро ҳангоми ребрендинги он раҳбарӣ кунад. Қаблан публитсист Станислав Белковский пешниҳод карда буд, ки Виталий Милонов, вакили Думаи давлатӣ метавонад ҷойгузини Жириновский шавад. "Дар шароити муайяне вай метавонист Ҳизби либерал-демократиро роҳбарӣ кунад", - гуфт коршинос. Аммо Белковский мушаххасан нагуфт, ки маҳз чӣ боиси чунин гардиш мешавад. Ба гуфтаи публитсист, Милонов сиёсатмадори ояндадори федералӣ мебошад. Дар навбати худ Алексей Макаркин, муовини директори Маркази фанновариҳои сиёсӣ фалокатеро барои Ҳизби либерал-демократии Русия дар сурати рафтани Жириновский аз мақоми худ пешгӯӣ кардааст. "ҲЛДР-ро ҳамчун ҳизби Жириновский қабул мекунанд. Ин, бешубҳа, шахспарастист", - таъкид кард Макаркин. Ӯ қайд кард, ки дар чунин ҳизбҳо "рақами ду" вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Макаркин, ҲЛДР борҳо хостори пайдо кардани ҷойгузини Жириновский шуда буд, аммо ин кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Ин сиёсатмадор, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳизб раҳбарӣ мекард, "шоумэн" шуд. Ва ҳизб ба гумон аст, ки ба ҷойи вай номзади сазовор пайдо кунад, қайд кард Макаркин.
https://sputnik.tj/20220210/zhirinovski-hol-ast-1045708856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/10/1031743794_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_dac713a536edff179268b40f7f5452fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсатшинос ворис жириновский
сиёсатшинос ворис жириновский
Сиёсатшинос ҷойгузини Жириновскийро гуфт: кӣ ҲЛДР-ро раҳбарӣ мекунад?
17:25 10.02.2022 (Навсозишуда: 20:16 10.02.2022) Сиёсатмадори маъруф бо мубтало шудан ба коронавирус дар бемористон бистарӣ аст: агар ӯ аз раёсати ҳизбаш барканор шавад, ҲЛДР-ро кӣ сарварӣ хоҳад кард, суоли матраҳ аст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Сиёсатшинос Максим Жаров гуфт, кӣ метавонад ҷорйгузини раиси ҲЛДР Владимир Жириновский дар ин ҳизб шавад.
Яке аз номзадҳо, ба гуфтаи коршинос, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аст.
Дар суҳбат бо URA.RU Жаров қайд кард, ки сиёсатмадор метавонад ин ҳизбро ҳангоми ребрендинги он раҳбарӣ кунад.
"Эҳтимоли омадани Медведев ё нафари наздики ӯ ба садри Ҳизби либерал-демократӣ вуҷуд дорад", — мегӯяд сиёсатшинос.
Қаблан публитсист Станислав Белковский пешниҳод карда буд, ки Виталий Милонов, вакили Думаи давлатӣ метавонад ҷойгузини Жириновский шавад.
"Дар шароити муайяне вай метавонист Ҳизби либерал-демократиро роҳбарӣ кунад", - гуфт коршинос.
Аммо Белковский мушаххасан нагуфт, ки маҳз чӣ боиси чунин гардиш мешавад.
Ба гуфтаи публитсист, Милонов сиёсатмадори ояндадори федералӣ мебошад.
Дар навбати худ Алексей Макаркин, муовини директори Маркази фанновариҳои сиёсӣ фалокатеро барои Ҳизби либерал-демократии Русия дар сурати рафтани Жириновский аз мақоми худ пешгӯӣ кардааст.
"ҲЛДР-ро ҳамчун ҳизби Жириновский қабул мекунанд. Ин, бешубҳа, шахспарастист", - таъкид кард Макаркин.
Ӯ қайд кард, ки дар чунин ҳизбҳо "рақами ду" вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Макаркин, ҲЛДР борҳо хостори пайдо кардани ҷойгузини Жириновский шуда буд, аммо ин кӯшишҳо бенатиҷа буданд.
Ин сиёсатмадор, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳизб раҳбарӣ мекард, "шоумэн" шуд. Ва ҳизб ба гумон аст, ки ба ҷойи вай номзади сазовор пайдо кунад, қайд кард Макаркин.