https://sputnik.tj/20220210/rusiya-marz-tojikistonu-afghoniston-taqviyat-1045713590.html
ВУХ: Русия марзи Тоҷикистону Афғонистонро тақвият хоҳад дод
ВУХ: Русия марзи Тоҷикистону Афғонистонро тақвият хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи дастгирии Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон сухан гуфт
2022-02-10T15:10+0500
2022-02-10T15:10+0500
2022-02-21T12:48+0500
дар русия
дар тоҷикистон
марз
таҳкими сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/32/1027053205_0:193:3274:2035_1920x0_80_0_0_ca3c8d9d3e47c9643bf9390bdb13a100.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Уҳдадориҳои Русия дар мавриди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра иҷро мешаванд. Дар ин бора директори Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ дод.Стерник ёдовар шуд, ки дар охири соли 2021 аз ҷониби Русия барои модернсозии нерӯҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон миқдори зиёди техникаи низомӣ, таҷҳизот, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ интиқол дода шудааст. "Ин ба иттифоқчиёни мо дар таҳкими ҳифзи қитъаҳои кӯҳии душворгузари сарҳад кумак мекунад", - афзуд сиёсатмадор. Интиқоли 70 техникаи нав ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону ҚирғизистонВай гуфт, ки иҷрои тарҳи муштараки бунёди посгоҳи марзӣ дар як минтақаи муҳим аллакай оғоз шудааст. Дар ин хусус созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ имзо шуда, аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо гардидааст. Сиёсатмадор ҳамчунин аҳамияти пойгоҳи 201-умро барои ҳифзи марзҳои Тоҷикистон ва сарҳадҳои ҷанубии СПАД арзёбӣ кард. Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст. Ҳавзаи низомии марказии Русия 1300 адад техникаи ҳарбии нав мегирадҚаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон идеяи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистонро матраҳ карда буд. Зарурати ин иқдом, ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, бар пояи хатари вуруди ҷангҷӯён аз шимоли Афғонистон ба қаламрави СПАД пеш омадааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/32/1027053205_438:0:3169:2048_1920x0_80_0_0_2690e823cfd3ba951c8fbd0c36e2cdec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, афғонистон
русия, тоҷикистон, афғонистон
ВУХ: Русия марзи Тоҷикистону Афғонистонро тақвият хоҳад дод
15:10 10.02.2022 (Навсозишуда: 12:48 21.02.2022) Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи дастгирии Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон гуфт
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Уҳдадориҳои Русия дар мавриди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра иҷро мешаванд.
Дар ин бора директори Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ дод.
"Русия уҳдадориҳои худро дар ин замина, аз ҷумла таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон иҷро мекунад", - таъкид кард ӯ.
Стерник ёдовар шуд, ки дар охири соли 2021 аз ҷониби Русия барои модернсозии нерӯҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон миқдори зиёди техникаи низомӣ, таҷҳизот, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ интиқол дода шудааст.
"Ин ба иттифоқчиёни мо дар таҳкими ҳифзи қитъаҳои кӯҳии душворгузари сарҳад кумак мекунад", - афзуд сиёсатмадор.
Вай гуфт, ки иҷрои тарҳи муштараки бунёди посгоҳи марзӣ дар як минтақаи муҳим аллакай оғоз шудааст. Дар ин хусус созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ имзо шуда, аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо гардидааст.
Сиёсатмадор ҳамчунин аҳамияти пойгоҳи 201-умро барои ҳифзи марзҳои Тоҷикистон ва сарҳадҳои ҷанубии СПАД арзёбӣ кард.
"Пойгоҳ бо таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз буда, кафили амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки дар маҷмуъ Осиёи Марказӣ мебошад", - хулоса кард Стерник.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон идеяи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистонро матраҳ карда буд.
Зарурати ин иқдом, ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, бар пояи хатари вуруди ҷангҷӯён аз шимоли Афғонистон ба қаламрави СПАД пеш омадааст.